Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ духтари тағояшро хеле дӯст медорад ва мехоҳад бо ӯ издивоҷ бикунад

5240

Таърихи нашр : 18-12-2022

Мушоҳидаҳо : 2118

Савол

Оё ҷоиз аст, ки бо духтари тағоям, ки аз ман якуним сол хурдтар аст, издивоҷ бикунам? Ман ӯро хеле зиёд дӯст медорам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Духтари тағоятон ба шумо маҳрам ҳисобида намешавад, аз ин рӯ, он аҳкоме, ки ба дигар занони бегона (номаҳрам) амалӣ мегардад, ба ӯ низ амалӣ мегардад, аз ҷумла раво будани издивоҷ бо ӯ. Аммо бояд ба як нуктаи муҳим таваҷҷӯҳ кард: Ҳарчанд муҳаббат байни зану шавҳар чизи хуб ҳам бошад, вале барои мард мустаҳаб аст, ки бо зане, ки дӯст медорад, издивоҷ бикунад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Барои ду нафаре, ки якдигарро дӯст медоранд, ҳеҷ чизе беҳтар аз издивоҷ нест».   "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" рақами: 5200.
Вале ин муҳаббат набояд аз ҳад зиёд бошад, ки боиси фаромӯшии сифатҳои муҳиме шавад, ки бояд он сифатҳо дар зане, ки мехоҳад бо ӯ издивоҷ бикунад, вуҷуд дошта бошад, ки муҳимтарини он дин аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Зан ба хотири чаҳор чиз издивоҷ карда мешавад: Мол, насаб, зебоӣ ва дин. Пас ту зани диндорро интихоб намо, дастонат хоколуда шавад».   Муттафақун алайҳ (ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Агар духтари тағоятон диндору боахлоқ бошад, пас интихоби шумо олиҷаноб аст. Аз Аллоҳ хоҳонем, ки хоҳишатонро амалӣ гардонад ва шуморо бо хайру хубӣ пайванд диҳад. Агар ӯ ин тавр набошад, (яъне диндору боахлоқ набошад), пас оиди интихоби худ бори дигар фикр кунед. Аллоҳ шуморо ба он чи ки дӯст медорад ва аз он хушнуд аст, муваффақ намояд.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид