Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё ояталкурсиро пеш аз хоб бо овози баланд мехонад?

5350

Таърихи нашр : 17-06-2020

Мушоҳидаҳо : 1720

Савол

Пеш аз хоб ояталкурсиро мехонам, ба ман гуфта шуд, ки агар онро бихонам, шайтон маро азият намедиҳад. Оё воҷиб аст, ки онро бо овози баланд, ё дар худам (бо овози паст) бихонам ва аз шайтон ҳимояшуда ҳастам ?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар Саҳиҳ-и Бухорӣ, аз ҳадиси Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки гуфт:

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нигаҳбонии закоти рамазонро ба ман супурд. Шахсе омад ва ба дуздидани таом (гандум) оғоз кард. Ман ӯро дастгир намуда, гуфтам: Туро ба назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хоҳам бурд... Абуҳурайра ҳадисро нақл кард.

Ӯ гуфт: Ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ даромадӣ, ояталкурсиро бихон, аз ҷониби Аллоҳ таъоло бароят муҳофиз ва нигаҳбоне гузошта мешавад ва то субҳ шайтон ба ту наздик намешавад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ба ту рост гуфтааст, вале ӯ бисёр дурӯғгӯй аст. Ӯ шайтон аст.   (Рақами ҳадис: 4624)

Аз ин хотир хондани ояталкурсӣ суннат ва машрӯъ аст. Онро бо овозе бихон, ки онро худ шунавӣ.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид