Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё Ар-Рашид аз номҳои Аллоҳ аст?

5457

Таърихи нашр : 08-11-2021

Мушоҳидаҳо : 1593

Савол

Ман ба наздикӣ васиқаеро хондам, ки Ар-Рашид яке аз номҳои Аллоҳ аст. Ва ман намедонам, ки оё ин маълумот аз маълумоте, ки ман аз китоби "Туҳфату-з-зокирин"-и Шавконӣ хондаам, дурусттар аст?

Оё метавонед инро бароям тавзеҳ бидиҳед?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ар-Рашид" аз номҳои Аллоҳ таъоло нест, зеро ин ном дар Қуръон ва дар ҳадисҳои саҳеҳ ворид нашудааст. Номҳои Аллоҳ таъоло тавқифӣ мебошанд. (Яъне аз Қуръону ҳадис гирифта мешаванд). Аз ин рӯ, ҷоиз нест, ки Аллоҳ таъоло ба ҷуз бо номе, ки Ӯ худро бо он ном номгузорӣ кардааст ва ё паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Ӯро бо он ном номгузорӣ кардааст, ном бурда шавад.

     Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид