Ҷумъа 19 Ҷумода-л-охира 1446 - 20 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Падару модараш ба ӯ эътироф карданд, ки ӯ аз зино таваллуд шудааст. Насаби киро мегирад?

5967

Таърихи нашр : 30-06-2020

Мушоҳидаҳо : 1895

Савол

Падару модарам фикр мекунанд, ки ман аз зино таваллуд шудаам. Номи киро мегирам ва кӣ хонаводаи ман аст ?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ин саволро ба шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин фиристодем ва ӯ ба мо чунин навишт:

Дидгоҳи саҳеҳ ин аст, ки ба хотири гуноҳи падару модар бар валадуззино ягон гуноҳе навишта намешавад, зеро аз ӯ ягон гуноҳе дар ин амр содир нашудааст, балки гуноҳ бар падару модараш навишта мешавад. Аз ин хотир, ӯ метавонад ба падаре, ки эътироф кардааст, ки ӯ фарзандаш аст, худро нисбат бидиҳад ва инчунин ба кишвари ӯ (дар ҳуҷҷатҳои расмӣ) худро нисбат дода метавонад. Ҳамчунин метавонад ба модаре, ки ӯро таваллуд кардааст, худро нисбат бидиҳад, зеро ӯ асаба (хешованди наздик)-и ӯ мебошад ва ба қабила ва кишвари ӯ низ худро нисбат дода метавонад.

Бояд ӯ амали худро ислоҳ намояд ва дар рафтор ва дини исломи худ пойбанд бошад. Он гуноҳе, ки аз ҷониби падару модараш ҳосил шудааст, ба ӯ зарар намерасонад. Касе, ки амалаш ӯро ба ақиб андозад, насабаш ӯро ба пеш бурда наметавонад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин