Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дӯсташ ваъда дод, ки қарзашро адо мекунад, пас ҳаҷҷаш чӣ ҳукм дорад?

Савол

Пеш аз он ки ман ба таълимоти исломӣ пойбанд бошам, барои яке аз дӯстонам аз бонк қарзи бофоиз гирифтам. Дӯстам ба худ аҳд дод, ки маблағро пардохт мекунад. Ҳоло ман мехоҳам бо модарам ба ҳаҷ биравам, аммо ӯ пеш аз ҳаҷ маблағро супорида наметавонад. (Бояд қайд кард, ки қарз ба номи ман аст).

Оё ин ба дурустии адо намудани фаризаи ҳаҷ таъсир мерасонад?

Матни ҷавоб

 

Ҳамду сано барои Аллоҳ, ки шуморо ба дини Ислом ҳидоят кард ва он чизе, ки шумо зикр кардед, ба дурустии хаҷҷи шумо таъсире надорад. Агар тавоноӣ дошта бошед, ба хаҷ биравед. "Мақсад аз тавоноӣ барои ҳаҷ ин аст, ки шахс бояд ҷисман солим бошад, васоили нақлиёт барои расидан ба хонаи Аллоҳ, аз қабили ҳавопаймо ё мошин ё ҳайвони саворӣ дошта бошад ва ё пули роҳкирои онро вобаста ба вазъияти худ дошта бошад ва тӯшае дошта бошад, ки барои рафту омад кофӣ бошад, ба шарте, ки он аз хароҷоти шахсоне, ки нафақаи онҳо бар ӯҳдаи ӯст, бештар бошад ва он маблағ бояд то бозгашт аз ҳаҷ басанда бошад". Фатово-л-лаҷнату-д-доима: 11/30.

Шумо бояд ба сӯи Аллоҳ тавба намоед, ки дӯсти худро бар кори ҳаром ёрӣ кардаед.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ

سورة المائدة: ٢

«Ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед».   (Сураи Моида: 2).

Шумо бояд ҳукми ин масъаларо ба дӯстатон баён намоед ва ба ӯ насиҳат кунед, ки тавба намояд ва (ба ин гуноҳ) барнагардад.

Аллоҳ моро ба он чи ки дӯст медорад ва аз он розӣ аст, муваффақ намояд. Дуруди Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад бод.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид