Яке аз зебогиҳои дини Ислом ин аст, ки дар ин дин муносибати банда бо Парвардигор мустақим ва бидуни воситаву миёнарав аст. Зебогиҳои дигари он ин аст, ки ворид шудан ба Ислом ниёзе ба ягон маросим ё муомилоте, ки назди одамон анҷом дода шавад, надорад ва ҳамчунин ниёз ба иҷозати шахсони муайяне нест. Балки ворид шудан ба Ислом бисёр сода ва осон аст, ки ҳар кас метавонад онро анҷом бидиҳад, ҳатто агар дар биёбоне танҳо ва ё дар як утоқи баста бошад. Тамоми масъала дар гуфтани ду ҷумлаи зебо аст, ки тамоми маънои Исломро дар худ дорад ва дарбаргирандаи иқрор ба бандагии инсон барои Парвардигор, таслим шудан ба Ӯ ва эътироф ба ин ки Ӯ Маъбуду Мавлои ӯст ва Ҳоким бар ӯст, бо ончи ки мехоҳад. Ва ин ки Муҳаммад бандаи Аллоҳ ва паёмбари Ӯст, ки бояд аз ӯ пайравӣ кард дар ончи аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ ваҳй шудааст ва итоати ӯ аз итоати Аллоҳ таъоло аст. Ҳар кас ин ду шаҳодатро бо яқину имон бигӯяд, мусалмон мешавад ва як узви ҷомеаи мусалмонон мегардад. Тамоми ҳуқуқҳое, ки мусалмонон доранд, ӯ низ аз онҳо бархурдор мешавад ва тамоми вазифаҳое, ки бар дигар мусалмонон воҷиб аст, бар ӯ низ воҷиб мешавад. Баъд аз он, фавран ибодатҳоеро, ки Аллоҳ таъоло бар ӯ воҷиб кардааст, мисли намозҳои панҷгона дар вақтҳояшон, рӯзаи моҳи Рамазон ва дигар фаризаҳоро оғоз мекунад.
Эй пурсандаи бохирад! Аз ин ҷо бароятон маълум мешавад, ки шумо метавонед ҳамин ҳоло мусалмон шавед. Пас, бархезед, ғусл кунед ва бигӯед:
أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ ، وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ
"Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ".
(Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст).
Барои маълумоти бештар, ба бахши "Қабули Ислом" дар ин саҳифа руҷӯъ кунед.
Аллоҳ шуморо ба сӯи ҳар хайру некӣ тавфиқ диҳад, қадамҳоятро устувор гардонад ва хушбахтии дунёву охиратро ба шумо арзонӣ дорад. Салом бар онҳое, ки ҳидоятро пайравӣ мекунанд.