Шанбе 22 Ҷумода-л-уло 1446 - 23 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Шартҳои руқияхон кадомҳоянд?

Савол

Оиди шахсоне, ки барои руқияи мардум Қуръон мехонанд, баҳс шуд. Баъзеҳо гуфтанд: Ба ғайр аз донишмандони Шариъат, барои дигарон ҷоиз нест, ки мардумро бо Қуръон руқия бихонанд. Баъзеи дигар гуфтанд: Кофист, ки ҳофизи китоби Аллоҳ, дорои ақидаи саҳеҳ ва аз аҳли салоҳу тақво бошад. Лутфан нуктаи норавшании ин масъала ва ҳукми Шариъатро дар ин бора баён кунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дидгоҳи дуруст ин аст, ки руқия хондан барои ҳар қорие, ки Қуръонро хуб хонда метавонад, маънояшро мефаҳмад, ақидааш саҳеҳ, амалаш дуруст ва рафтораш шоиста аст, ҷоиз мебошад. Шарт нест, ки масъалаҳои фурӯъи Шариъатро бидонад ва ҳама соҳаҳои илмро биомӯзад. Ба ин қиссаи Абусаид далолат мекунад, ки ӯ мардеро, ки каждум газида буд, руқия хонд. Гуфт: Ва мо намедонистем, ки ӯ (пеш аз ин воқеа) руқия хонда бошад. Ё чунон ки дар хадис омадааст. Ривояти Бухорӣ (2276) ва Муслим (2201). Руқияхон бояд нияти нек дошта бошад ва қасдаш фоида расондан ба мусулмон бошад, на ҷамъоварии молу дарёфти музди меҳнат, то қироаташ судмандтар шавад.   

Аллоҳ донотар аст.
 

Сарчашма: "Аллуълуъу-л-макину мин фатово Ибни Ҷибрин" саҳ: 22