Шанбе 20 Ҷумода-л-охира 1446 - 21 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Сабаби манъ будани хобидан бар шикам

827

Таърихи нашр : 04-09-2020

Мушоҳидаҳо : 2568

Савол

Чаро бар шикам хобидан ҳаром аст? Оё ин барои мардону занон ҳаром аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Сабаби он, наҳйи ворид шуда аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад, ки ӯ ҳеч кори хайреро нагузошт, магар ин ки моро ба он далолат кард ва инчунин ҳеч кори бадеро нагузошт, магар ин ки моро аз он бим намуд.

Яъиш ибни Тиҳфа ал-Ғифорӣ аз падараш ривоят кардааст, ки гуфт: Ҳамроҳи як чанд мискинон меҳмони расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) будем. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шаб барои хабаргирии меҳмонаш баромад, нигоҳаш ба ман афтод, ки ба шикам хобида будам. Маро бо пояш зад ва фармуд: Ба ин шакл нахоб. Зеро ин хобиданиест, ки Аллоҳ онро бад мебинад. Дар ривояти дигар: Ӯро бо пояш зада, аз хоб бедор кард ва фармуд: Ин гуна хобидан, шеваи аҳли дӯзах аст.   Ривояти Аҳмад, ал-Фатҳу-р-Раббонӣ: 14/244-245. Ривояти Тирмизӣ, рақами ҳадис: 2798, чопи Шокир. Ривояти Абудовуд дар сунани худ, китоби адаб, рақами ҳадис: 5040, чопи ад-Даъос. Рақами ҳадис дар Саҳиҳу-л-Ҷомиъ: 2270-2271.

Ин наҳй ом аст, марду занро дар бар мегирад. Зеро асос ин аст, ки марду зан дар аҳком шариканд, ба ҷуз дар мавриде, ки далел бар вуҷуди фарқият байни марду зан ишора карда бошад.     

   Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид