Шанбе 20 Ҷумода-л-охира 1446 - 21 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дар шаби нимаи Шаъбон ибодатҳои махсусе вуҷуд надорад

Савол

Дар яке аз китобҳо хондаам, ки шабзиндадории шаби нимаи Шаъбон бидъате аз бидъатҳост. Ҳамчунин дар манбаи дигаре хондаам, яке аз рӯзҳое, ки рӯза дар он мустаҳаб аст, ин нимаи Шаъбон мебошад. Ҳукми қатъӣ дар ин маврид чист?

Хулосаи ҷавоб

Дар фазилати шаби нимаи Шаъбон ягон ҳадиси саҳеҳе, ки бо он ҳатто дар фазоил амал карда шавад, собит нашудааст, балки осоре аз баъзе тобеин ворид шудааст ва инчунин ҳадисҳое омадааст, ки дурусттарини он мавзуъ ва ё бениҳоят заиф аст. Бинобарин, шабзиндадории шаби нимаи Шаъбон, рӯза гирифтани рӯзи он ва махсусан ибодати муайянеро дар он шабу рӯз анҷом додан машрӯъ намебошад.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Оё шаби нимаи Шаъбон фазилати махсусе дорад?

"Дар фазилати шаби нимаи Шаъбон ягон ҳадиси саҳеҳе, ки бо он ҳатто дар фазоил амал карда шавад, собит нашудааст, балки осоре аз баъзе тобеин ворид шудааст ва инчунин ҳадисҳое омадааст, ки дурусттарини он мавзуъ ва ё бениҳоят заиф аст. Он ривоятҳо дар бисёре аз кишварҳое, ки дар онҷо ҷаҳлу нодонӣ паҳн шудааст, интишор ёфтааст, ки гӯё аҷалҳову умрҳо дар он шаб навишта мешаванд...

Бинобарин, шабзиндадории шаби он, рӯза гирифтани рӯзи он ва махсусан ибодати муайянеро дар он шабу рӯз анҷом додан машрӯъ нест. Ва ин ки бисёре аз ҷоҳилон ин корро анҷом медиҳанд, эътиборе надорад. Аллоҳ донотар аст".

Сомонаи Шайх Ибни Ҷибрин

Ҳукми шабзиндадории шаби нимаи Шаъбон

Агар бихоҳад, ки дар шаби нимаи Шаъбон (барои ибодат) бархезад, чуноне ки дар дигар шабҳои сол бармехезад - бидуни ин ки амали зиёдеро анҷом бидиҳад ва ё кӯшиши бештаре намояд ва ё ибодати махсусеро анҷом бидиҳад - ҳеҷ боке надорад. Ҳамчунин агар дар рӯзи понздаҳуми Шаъбон ба хотири айёму-л-бийз (сездаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳ) буданаш бо ҳамроҳии чаҳордаҳуму сездаҳум рӯза бигирад ва ё ин ки ба хотири рӯзи душанбе ё панҷшанбе буданаш рӯза бигирад, агар рӯзи понздаҳуми Шаъбон дар рӯзи душанбе ё панҷшанбе воқеъ шавад, ҳеҷ боке надорад, модоме ки эътиқод надошта бошад, ки он фазилати бештар ва ё савоби дигаре дорад, ки собит нашудааст.

     Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид