Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Фиребу дуруғ дар муомилот ҷоиз нест

9345

Таърихи нашр : 27-07-2024

Мушоҳидаҳо : 1425

Савол

 

Мо фурӯшгоҳи қисмҳои эҳтиётии автомобил дорем. Вақте ки мо барои муштарӣ фактура навистанӣ шавем, як қисми маблағро кам мекунем, аммо ӯ аз мо хоҳиш менамояд, ки нархи аслиро дар фактура нависем. Ӯ ин корро мекунад, чунки маҳсулот барои ӯ нест. Ин амал чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар дар ин кор фиребу дурӯғ ва хиёнат вуҷуд дошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест. Бар шумо ҳаром аст, ки ба ӯ фактураеро бидиҳед, ки аз арзиши харидааш бештар ва аз маблағи пардохткардааш зиёдтар бошад, то бар асоси он фактура аз давлат ё ягон ниҳоди дигар пул бигирад. Ин фиребу дурӯғ ва хиёнат аст ва (ин амал) ҷоиз намебошад. 

 Аллоҳ донотар аст.

 

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид