Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Нахустин воҷиб бар махлуқҳо

Савол

Нахустин воҷиб бар махлуқҳо чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввалин воҷиб бар махлуқҳо, ин аввалин чизест, ки мардум ба сӯи он даъват карда мешаванд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки Муоз ибни Ҷабал (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод)-ро ба Яман фиристод, инро ба ӯ баён карда, ба ӯ гуфт: «Ҳамоно ту ба назди қавме, ки аҳли китобанд, меравӣ. Пас нахустин чизе, ки онҳоро ба сӯи он даъват мекунӣ, ин шаҳодат додан ба ин ки "ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст" бошад».

Нахустин воҷиб бар бандагон ин аст, ки Аллоҳ таъолоро ягона шуморанд ва ба паёмбарии расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гувоҳӣ бидиҳанд.
Бо ягона шуморидани Аллоҳ таъоло 
ва шаҳодат додан ба паёмбарии расули Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ихлос ва мутобаъат (пайравӣ аз ҳидояти паёмбар) таҳқиқ мегардад. Ин ду (ихлос ва мутобаъат) шарти қабулшавии ҳар як ибодат мебошанд.

Сарчашма: "Маҷмуъу фатово ва расоил"-и Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (ҷ/1, саҳ 84).