Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Кӯмак бар харидани шароб ва дигар чизҳои ҳаром

9411

Таърихи нашр : 04-02-2022

Мушоҳидаҳо : 2355

Савол

Мусулмоне, ки ғайри мусулмонро барои харидани шароб бо мол кӯмак мекунад ва ё ӯро ба корҳои бад ва гуноҳони кабира мебарад, чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Кӯмак намудани кофир ва ё мусулмон бар харидани шароб ва дигар корҳои бад, маъсиятҳо ва гуноҳон ҷоиз нест ва иҷрокунандаи он зиёнкору гунаҳкор мебошад. Аллоҳ таъоло дар Қуръон аз ин амал наҳй намудааст. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَٱتَّقُواْ ٱللهَ   (سورو المائدة: ٢).

«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед».   (Сураи Моида: 2).

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шароб даҳ тоифаро лаънат кардааст.

Аз Анас ибни Молик ривоят шудааст, ки мегӯяд: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шароб даҳ тоифаро лаънат кардааст: Тайёркунандаи он, шахсе ки тайёр кардани онро талаб намудааст, нӯшандаи он, оварандаи он, шахсе ки овардани онро талаб намудааст, соқии он, фурӯшандаи он, хӯрандаи пули он, харидори он ва шахсе ки харидани онро талаб кардааст". 

Тирмизӣ (1295) ва Ибни Моҷа (3381) ин ҳадисро ривоят кардаанд.

Ин ҳадисро Шайх Албонӣ дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" рақами ҳадис (1041) саҳеҳ донистааст.

Касе ки шароб менӯшад ва ё бар нӯшидани он кӯмак мекунад, ба лаънате, ки дар ҳадис зикр шудааст, гирифтор мешавад.

Бар шумо ҳалол нест, ки касеро бар нӯшидани шароб ва ё дар дигар чизҳои ҳаром кӯмак намоед.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб