Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳақиқати имон ба фариштагон

Савол

Маънои имон ба фариштагон чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ва баъд: Фариштагон олами ғайбӣ мебошанд, ки Аллоҳ таъоло онҳоро аз нур офарид, онҳо фармони Аллоҳро иҷро менамоянд.

لَا يَعْصُونَ اللهَ مَا أَمَرَهُمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ

سورة التحريم: 6

«Ба амри Аллоҳ нофармонӣ намекунанд ва ҳар дастуре, ки мегиранд, иҷро менамоянд».   (Сураи Таҳрим: 6).

Имон ба фариштагон чаҳор умури заруриро дарбар мегирад:

1– Тасдиқ ва иқрори қатъӣ ба вуҷуди онҳо ва ин ки онҳо махлуқе аз махлуқҳои Аллоҳ, банда, мусаххар ва мутеъи Ӯ ҳастанд.

عِبَادٌ مُّكْرَمُونَ ❁ لَا يَسْبِقُونَهُ بِالْقَوْلِ وَهُم بِأَمْرِهِ يَعْمَلُونَ

سورة الأنبياء: ٢٦ - ٢٧

«Онҳо (фариштагон) бандагони гиромӣ ҳастанд. Дар сухан бар Ӯ пешӣ намегиранд ва ба фармонаш амал мекунанд».   (Сураи Анбиё: 26 - 27).

لَا يَعْصُونَ اللهَ مَا أَمَرَهُمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ

سورة التحريم: 6

«Ба амри Аллоҳ нофармонӣ намекунанд ва ҳар дастуре, ки мегиранд, иҷро менамоянд».   (Сураи Таҳрим: 6).

لَا يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِهِ وَلَا يَسْتَحْسِرُونَ ❁ يُسَبِّحُونَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ لَا يَفْتُرُونَ

سورة الأنبياء: ١٩ - ٢٠

«Аз ибодати Ӯ саркашӣ намекунанд ва хаста намешаванд. Онон шабу рӯз тасбеҳ мегӯянд, сустӣ намекунанд».   (Сураи Анбиё: 19 - 20).

2– Имон овардан ба номҳои он фариштагоне, ки номи онҳоро медонем, ба монанди Ҷибрил, Микоил, Исрофил, Молик, Ризвон ва дигар фариштагон (дуруди Аллоҳ бар онҳо бод).

3– Имон овардан ба сифатҳои он фариштагоне, ки сифатҳояшонро медонем, чунон ки васфи Ҷибрил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро аз ҳадисҳо фаҳмидем, ки ӯ шашсад бол дорад, ки уфуқ (яъне осмонро бо пуррагӣ) пӯшонида буд.

4– Имон овардан ба корҳои фариштагоне, ки корашонро медонем: Ҷибрил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) муваккали ваҳй аст, ки дар он ҳаёти қалбҳост. Исрофил муваккал ва масъули дамидан ба сур аст. Микоил муваккал ва масъули борон аст. Молик муваккал ва масъули дӯзах аст ва ҳоказо.

Яке аз муҳимтарин чизе, ки мо бояд ба он имон оварем, ин аст, ки ҳар як шахс ҳамроҳи худ ду фаришта дорад, ки амали ӯро менависанд. Чуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

إِذْ يَتَلَقَّى الْمُتَلَقِّيَانِ عَنْ الْيَمِينِ وَعَنْ الشِّمَالِ قَعِيدٌ ❁ مَا يَلْفِظُ مِنْ قَوْلٍ إِلا لَدَيْهِ رَقِيبٌ عَتِيدٌ

سورة ق: ١٧ - ١٨

«Ҳангоме ки ду фариштаи фарогиранда аз ҷониби рост ва чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд. Ҳар лафзе, ки аз забонаш мебарояд, онро назоратгару нависандае аст».   (Сураи Қоф: 17 - 18).

Яъне назоратгаре аз он фариштагон, ки ҳозиру шоҳид аст.

Аз ин рӯ, эй мусулмон! Эҳтиёт бош, боз ин ду фаришта чизе нанависанд, ки дар рӯзи қиёмат боиси нороҳатии ту шавад, зеро ҳар чизеро, ки мегӯӣ ва ё ба забон меорӣ, бар (номаи аъмоли) ту навишта мешавад ва чун рӯзи қиёмат фаро расад, ба банда номаи аъмолаш бароварда мешавад.

يَلْقَاهُ مَنشُورًا ❁ اقْرَأْ كِتَابَكَ كَفَىٰ بِنَفْسِكَ الْيَوْمَ عَلَيْكَ حَسِيبًا

سورة الإسراء: ١٣ - ١٤

«Ва онро кушода ва боз мебинад. (Ба ӯ мегӯем:) Номаатро бихон. Кофӣ аст, ки имрӯз худ ҳисобгари хеш бошӣ».   (Сураи Исро: 13 - 14).

Аз Аллоҳ хоҳонем, ки гуноҳони моро бипӯшад ва аз мо даргузарад, ки Ӯ шунавову иҷобаткунандаи дуо аст. Аллоҳ донотар аст.

Ниг: "Аълому-с-суннати-л-маншура" (86) ва "Маҷмуъу фатово"-и Шайх Ибни Усаймин (3/160). Барои маълумоти бештар ба саволи (843 ) ва (14610 ) руҷӯъ кунед.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

Мавзӯҳои алоқаманд