Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Дӯсташ дар фурудгоҳ кор мекунад ва ба ӯ билети ройгон меорад. Оё ӯ онро қабул бикунад?

94870

Таърихи нашр : 09-11-2022

Мушоҳидаҳо : 1673

Савол

Яке аз дӯстонам дар фурудгоҳ кор мекунад ва ӯ ба ман ваъда дод, ки аз ҳисоби ширкати ҳавопаймоӣ ба ман билети ройгон меорад, аммо ман дар он ҷо кор намекунам. Оё истифода бурдани ин билет бароям ҷоиз аст ё не? Агар ба ман брон кунад, чӣ кор кунам? Оё бояд онро рад намоям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар дӯсти шумо билетро бо роҳи ҳалол ба даст биёварад, масалан аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ бидуни дурӯғ гуфтан, ришва додан ё фиребу ҳила ба ӯ тӯҳфа карда шавад, ҳеҷ боке нест, ки онро аз ӯ бипазиред.

Аммо агар онро бо роҳи ҳаром ба даст биёварад, онро қабул накунед ва дар кори харом ба ӯ кӯмак накунед.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб