Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Садақа дар вақти мӯҳтоҷӣ ва гуруснагӣ беҳтар аз умраи нафлӣ аст

97227

Таърихи нашр : 06-05-2024

Мушоҳидаҳо : 787

Савол

Шунидам, ки яке аз даъватгарон мегуфт: Садақа додан ба мусулмононе, ки ба пул сахт ниёз доранд, ба монанди онҳое, ки аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд, беҳтар аз анҷоми умра дар моҳи Рамазон аст. Назари шумо дар ин бора чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Бале, садақа додан дар вақти ниёз ва гуруснагии шадид беҳтар аз умраи нофила аст, зеро фоидаи умра ба анҷомдиҳандааш маҳдуд аст, дар ҳоле, ки фоидаи садақа ба мискинону гуруснагон мутааддӣ (гузаро, номаҳдуд) аст. Ҳар амале, ки фоидааш мутааддӣ (гузаро, номаҳдуд) аст, беҳтар аст аз амале, ки фоидааш маҳдуд аст. Ин ба маънои умумӣ аст ва ба тамоми мусулмонони камбағал, дар ҳама гӯшаву канори дунё дахл дорад, вале камбағалоне, ки дар кишвари ӯ зиндагӣ мекунанд, нисбат ба онҳое, ки дар берунанд, (ба садақа) сазовортаранд. Аллоҳ донотар аст".

"Ал-Мунтақо мин фатово"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (2 / 333).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб