Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё дар ҳангоми намоз мор ва ё каждумро бояд бикушад?

9903

Таърихи нашр : 05-01-2023

Мушоҳидаҳо : 1612

Савол

 

Агар марде намозро оғоз бикунад ва ин намоз намози фариза ва яке аз намозҳои панҷгона бошад ва дар ин ҳангом, дар пешаш мор ё каждумеро бубинад, оё намозашро қатъ намуда, онро мекушад ва ё намозашро идома медиҳад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, намозашро қатъ намуда мор ё каждумро мекушад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Он ду сиёҳ, яъне мор ва каждумро дар намоз бикушед».   Аҳли Сунан (Абудовуд, Тирмизӣ, Насоӣ ва Ибни Моҷа) ин ҳадисро ​​ривоят кардаанд. Ибни Ҳиббон ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.

Ва агар дар даруни намоз куштани он бе амали зиёдатӣ имконпазир бошад, ҳеҷ боке надорад ва намозаш дуруст аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто: 7/31.