Душанбе 29 Шаввол 1446 - 28 Апрел 2025
Тоҷикӣ

Оё хондани ҳадисҳои набавӣ аҷру савобе дорад?

Савол

Далелҳо ворид шудаанд, ки хондани Қуръони карим аҷру савоб дорад. Оё хондани ҳадисҳо низ аҷру савоб дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, хондани илм ҳамааш аҷру савоб дорад. Омӯхтани дониш ва талаби илм аз тариқи Қуръон ва аз тариқи суннат аҷру савоби бузурге дорад, зеро илм аз Қуръону суннат гирифта мешавад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
«Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро биомӯзад ва онро ба дигарон таълим бидиҳад».   Ривояти Бухорӣ (5027).

Дар бораи хондани Қуръон ҳадисҳои зиёде ворид шудаанд, аз ҷумла сухани зерини паёмбар  (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ки фармудааст:

«Қуръон бихонед, зеро Қуръон дар рӯзи қиёмат тиловаткунандагони худро шафоат мекунад».   Ривояти Муслим (804).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
«Оё яке аз шумо дӯст медорад, ки ба Батҳон (водие дар Мадина) биравад ва бидуни он ки муртакиби гуноҳ ва қатъи силаи раҳм шавад, ду шутури бузургро ҳамроҳи худ биёрад?»

Саҳобагон гуфтанд: Ҳамаи мо инро дӯст медорем, эй расулуллоҳ.

Фармуд:
«Агар яке аз шумо ба масҷид биравад ва ду оятеро аз китоби Аллоҳ таъоло таълим бигирад, ин амал барояш аз ду шутури бузург беҳтар аст. Се оят аз се шутур беҳтар аст. Чаҳор оят аз чаҳор шутур беҳтар аст. Ҳар қадаре, ки шумораи оятҳо зиёд шавад, аз теъдоди он шутурон беҳтар аст».   Ривояти Муслим (803).

Ё ҳамонтавре ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст. Ин бар фазилати омӯхтани Қуръон ва хондани он далолат мекунад.

Дар ҳадиси Ибни Масъуд омадааст:
«Ҳар кас як ҳарферо аз Қуръон бихонад, як некӣ барояш навишта мешавад, ки он некӣ даҳ баробар аҷру савоб дорад».   Ривояти Тирмизӣ (2910).

Суннат низ ҳамин тавр аст, агар мӯъмин онро таълим бигирад, чунки хондану омӯзиши ҳадисҳо аҷру савоби бузурге дорад, зеро ин аз ҷумлаи омӯхтани илм аст.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
«Ҳар касе дар роҳе биравад, ки дар он талаби илм кунад, Аллоҳ барояш роҳеро ба сӯи биҳишт осон мекунад».   Ривояти Тирмизӣ (2646).

Ин далолат мекунад, ки омӯзиши илм, ҳифз кардани ҳадисҳо ва музокираи онҳо аз василаҳои дохил шудан ба биҳишт ва наҷот аз дӯзах аст. Сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чунин аст, ки мефармояд:

«Ҳар ки Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр намояд, ӯро дар дин фақеҳ (олим) мегардонад».   Муттафақун алайҳ.

Фақеҳ (ва олим) шудан дар дин аз тариқи Қуръон ва суннат мебошад. Фақеҳ шудан дар суннат яке аз аломатҳоест, ки Аллоҳ барои бандааш иродаи хайр кардааст, чуноне ки фақеҳ шудан дар Қуръон низ далели он аст. Далелҳо дар ин бора бисёр аст, алҳамду лиллоҳ. Поёни сухан.

"Фатово нурун ъала-д-дарб"-и Шайх Абдулазиз ибни Боз (1/11)

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб