Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ маҷбур аст, ки бо ҳамдарсони ғайримусалмон зиндагӣ бикунад

Таърихи нашр : 22-12-2024

Мушоҳидаҳо : 1

Савол

Ман бо даҳ ҳамдарсон, ки аз кишварҳои гуногун ҳастанд, зиндагӣ мекунам. Нӯҳ нафари онҳо насронианд ва даҳумӣ ба ягон дин бовар надоранд. Хӯроки асосиро якҷоя дар як дастархон мехӯрем. Ҳар рӯз ду то аз донишҷӯён бо навбат хӯрок омода мекунанд. Оё аз нигоҳи Шариъат дуруст аст, ки ман бо онҳо хӯрок бихӯрам? Бояд қайд кард, ки вазъи молиявӣ ва таҳсилии ман ба ман имкон намедиҳанд, ки танҳо зиндагӣ бикунам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

“Шариъати Ислом бар осониву сабукӣ ва рафъи душворӣ асос ёфтааст. Модоме, ки имконияти танҳо зиндагӣ карданро надоред, метавонед бо онҳо зиндагӣ бикунед, вале бояд онҳоро бо гуфтору кирдору рафтори худ ба сӯи Аллоҳ даъват кунед, шояд Аллоҳ таъоло дар шумо баракат бидиҳад (ва онҳоро ба василаи шумо ҳидоят бикунад).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод”. Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз … Шайх Абдурраззоқ Афифӣ … Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён … Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

“Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто” (26/87).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб