Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Пеш аз хӯрдан ғусли ҷанобат воҷиб нест

09-02-2025

Савол 10319

Оё баъд аз хамбистарӣ ва пеш аз ғусл кардан хӯрдану нӯшидан ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Пеш аз хӯрдан ғусли ҷанобат воҷиб нест, балки (барои ҷунуб) суннат аст, ки пеш аз хӯрдан вузӯ кунад. Ин масъалаест, ки донишмандон бар он иҷмоъ намудаанд.
Далели он ҳадиси Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аст, ки мефармояд:

«Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳангоми ҷанобат, агар бихоҳад чизе бихӯрад ва ё бихобад, вузӯ мекард».   (Ривояти Муслим, ҳайз/461).
Шайх Ибни Усаймин дар китоби "Ашшарҳу-л-мумтиъ" гуфтааст: "Ба назари ман, ҷунуб то вузӯ нагирад, хоб накунад. Ин (яъне вузӯ кардани ҷунуб пеш аз хоб) мустаҳаб аст. Ҳамчунин пеш аз хӯрдану нӯшидан (яъне вузӯ кардани ҷунуб пеш аз хӯрдану нӯшидан низ мустаҳаб аст). Баъзе аз донишмандон гуфтаанд, ки дар ҳоли ҷанобат бе вузӯ хӯрдану нӯшидан макруҳ нест".

Ғусл
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб