Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Такбири мутлақ ва муқайяд дар рӯзҳои Зулҳиҷҷа

22-07-2020

Савол 10508

Оиди такбири мутлақ дар рӯзи иди Азҳо (мехоҳам, бипурсам). Оё такбир пас аз ҳар намоз ба такбири мутлақ дохил аст, ё на? Оё он суннат ё мустаҳаб ё бидъат аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аммо такбир дар рӯзи иди Азҳо (Қурбон), аз аввали моҳ то охири рӯзи сенздаҳуми Зулҳиҷҷа машрӯъ аст, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

 لِيَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ وَيَذْكُرُوا اسْمَ اللهِ فِي أَيَّامٍ مَّعْلُومَاتٍ

الحج: ۲۸                 

То шоҳиди манфиатҳои хеш бошанд ва номи Аллоҳро дар рӯзҳои муайян ёд кунанд.   (Сураи Ҳаҷ: 28).

Он рӯзҳои даҳгона мебошад.

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَاذْكُرُواْ اللّهَ فِي أَيَّامٍ مَّعْدُودَاتٍ

  البقره: ۲۰۳

Аллоҳро дар рӯзҳои муайян ёд кунед.   (Сураи Бақара: 203).

Он айёми ташриқ (рӯзҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сенздаҳуми Зулҳиҷҷа) мебошад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Айёми ташриқ рӯзҳои хӯрдану нӯшидан ва зикри Аллоҳ аст".   Муслим ин ҳадисро дар "Саҳиҳ"-и худ ривоят кардааст.

Бухорӣ дар "Саҳиҳ"-и худ ба тарзи муаллақ аз Ибни Умар ва Абуҳурайра (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки он ду дар рӯзҳои даҳгона ба бозор мебаромаданд ва такбир мегуфтанд ва мардум низ бо такбири онҳо такбир мегуфтанд.

Умар ибни Хаттоб ва писараш Абдуллоҳ (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) дар рӯзҳои Мино, дар масҷид ва дар хайма такбир мегуфтанд ва овози худро баланд мекарданд, ҳатто ин ки Мино аз овози такбир ба ларза медаромад. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва гурӯҳе аз саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) такбир пас аз намозҳои панҷгона, аз намози бомдоди рӯзи Арафа то намози асри рӯзи сенздаҳуми Зулҳиҷҷа ривоят шудааст. Ин такбир барои ғайри ҳоҷиён аст. Аммо ҳоҷӣ дар ҳоли эҳром ба талбия гуфтан машғул мешавад, то ин ки ба ҷамараи Ақаба дар рӯзи Азҳо (Қурбон) санг партояд. Пас аз он, ба такбир гуфтан машғул мешавад.

Такбир бо партофтани аввалин сангреза ба ҷамараи Ақаба оғоз мешавад. Агар бо ҳамроҳи талбия такбир бигӯяд, ҳеҷ ишколе надорад. Зеро Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст: "Баъзе шахсон дар рӯзи Арафа талбия мегуфтанд ва касе онҳоро инкор намекард ва бархе шахсон такбир мегуфтанд ва касе онҳоро инкор намекард".   Ривояти Бухорӣ.

Вале барои муҳрим (касе, ки дар эҳром аст) талбия беҳтар аст ва барои касе, ки дар эҳром нест, такбир гуфтан дар ин рӯзҳо беҳтар аст.

Аз ин хотир, дониста мешавад, ки такбири мутлақ ва муқайяд дар саҳеҳтарин дидгоҳи донишмандон дар панҷ рӯз якҷо мешаванд: Дар рӯзи Арафа (рӯзи нӯҳуми Зулҳиҷҷа), рӯзи иди Қурбон (рӯзи даҳуми Зулҳиҷҷа) ва айёми ташриқ (рӯзҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сенздаҳуми Зулҳиҷҷа). Аммо дар рӯзи ҳаштум ва пеш аз он, аз аввали моҳ то ҳаштум, такбири мутлақ аст, на муқайяд. Чуноне, ки дар оят ва асарҳои пешин гузашт. Дар Муснад аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармудааст:

"Ҳеҷ рӯзҳое нест, ки назди Аллоҳ бузургтар ва амал дар он рӯзҳо маҳбубтар ба сӯи Ӯ аз ин рӯзҳои даҳгона бошад. Пас дар ин рӯзҳо бисёр таҳлил, такбир ва таҳмид бигӯед".

Ё чуноне, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст.

Зикрҳои шаръӣ
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб