Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Аҳли суннат ва ҷамоат кистанд?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аҳли суннат ва ҷамоат касоне ҳастанд, ки ба суннат чанг зада, бар он ҷамъ шудаанд ва ба ғайри он рӯй наовардаанд, на дар ақида ва на дар умури ҳукмӣ. Барои ҳамин аҳли суннат номида шудаанд, чунки ба суннат чанг задаанд. Аҳли ҷамоат номида шудаанд, чунки бар он ҷамъ шудаанд.
Агар ба аҳволи аҳли бидъат назар намоӣ, мебинӣ ки дар манҳаҷи ақида ё амал дар байни худ ихтилоф доранд. Ин ба он далолат мекунад, ки ба андозаи бидъате, ки эҷод кардаанд, аз суннат дуранд.