Хавориҷон кистанд?
- Хавориҷ яке аз гурӯҳҳои гумроҳ ва берун аз дин мебошад. Ин бо далелҳо ва иҷмоъ собит шудааст. Онҳо аз ҷумлаи аҳли аҳво ва бидъат буда, аз роҳу равиши аҳли суннат ва ҷамоъат берунанд, вале мо ононро мисли дигар бидъаткорон ба сабаби бидъаташон кофир намешуморем. - Аз ҷумлаи бидъатҳои хавориҷ: 1.Онҳо эътиқод мекунанд, ки имон зиёду кам намешавад. 2.Шахсеро, ки амали воҷибро тарк мекунад, кофир мешуморанд. 3.Шахсеро, ки гуноҳи кабираро анҷом медиҳад, кофир меҳисобанд. 4.Бар зидди мухолифони мусалмони худ бо шамшер меҷанганд.