Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Барои ҳар як даври тавоф ё саъй дуои махсусе вуҷуд надорад

10-06-2024

Савол 109174

Риоя намудани дуои махсусе дар ҳар як давре аз даврҳои тавоф ё саъй чӣ ҳукме дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Барои ҳар як давр дуои махсусе вуҷуд надорад, балки риоя намудани дуои махсусе дар ҳар як давр яке аз бидъатҳост, зеро он аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид нашудааст. Чизи воридшуда танҳо ин аст, ки ҳангоми ламс кардани Ҳаҷару-л-асвад такбир (Аллоҳу акбар) мегӯяд ва дар байни Рукну-л-ямонӣ ва Ҳаҷару-л-асвад дуои зеринро мехонад:

رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ

«Раббано отино фи-д-дунё хасаната-в-ва фи-л-охирати хасаната-в-ва қино ъазоба-н-нор».

(Парвардигоро! Дар дунё ба мо некӣ ато фармо ва дар охират низ некӣ бидеҳ ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор).   (Сураи Бақара: 201).

Аммо дар боқимондаи тавоф метавонад зикр кунад, Қуръон бихонад ва дуо намояд. (Агар бихоҳад, зикр ё дуо мекунад ва агар бихоҳад, Қуръонро тиловат менамояд). Вале наметавонад барои ҳар як давр дуои махсусеро қарор бидиҳад". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (22/336, 337).

Сифати ҳаҷҷу умра
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб