Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Баъзе аз кишварҳои ғарбӣ бисёрзаниро ҷиноят хондаанд, ки тибқи қонун иҷрокунандаи он аз панҷ то ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Пас барои мусулмоне, ки рағбат ба бисёрзанӣ дорад, ҷоиз аст, ки дар ин ҳолат дурӯғ бигӯяд? Масалан бигӯяд, ки ӯ безан аст, то аз ҷазои золимонае, ки мухолифи насси китоби Аллоҳ аст, раҳоӣ ёбад. Оё ин гуна сухан никоҳи пешинаашро бекор мекунад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ин саволро ба шайхамон Абдураҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардам, дар ҷавоб гуфт:
"Агар дар оянда муҷиби зарар нашавад, ишколе надорад, зеро ин ба унвони дафъи зулм аст ва ин талоқ ҳисобида намешавад, чунки ӯ нияти талоқ надошт". Поёни сухан.
Аллоҳ донотар аст.