Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукумат бисёрзаниро манъ кардааст. Оё ба онҳо дурӯғ гӯяд ва бигӯяд, ки ӯ безан аст?

226955

Таърихи нашр : 08-06-2022

Мушоҳидаҳо : 1600

Савол

Баъзе аз кишварҳои ғарбӣ бисёрзаниро ҷиноят хондаанд, ки тибқи қонун иҷрокунандаи он аз панҷ то ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Пас барои мусулмоне, ки рағбат ба бисёрзанӣ дорад, ҷоиз аст, ки дар ин ҳолат дурӯғ бигӯяд? Масалан бигӯяд, ки ӯ безан аст, то аз ҷазои золимонае, ки мухолифи насси китоби Аллоҳ аст, раҳоӣ ёбад. Оё ин гуна сухан никоҳи пешинаашро бекор мекунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин саволро ба шайхамон Абдураҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардам, дар ҷавоб гуфт:

"Агар дар оянда муҷиби зарар нашавад, ишколе надорад, зеро ин ба унвони дафъи зулм аст ва ин талоқ ҳисобида намешавад, чунки ӯ нияти талоқ надошт". Поёни сухан.

     Аллоҳ донотар аст. 

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид