Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳаҷ чист?

17-07-2020

Савол 2804

Ҳаҷ чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳаҷ ин қасд намудани Каъба, хонаи Аллоҳ (масҷиду-л-ҳаром) барои адо намудани маносики ҳаҷ мебошад. Он гуфтору кирдори паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар сифати ҳаҷ, ба монанди ҳафт маротиба тавоф намудани хонаи Каъба, ҳафт маротиба саъй кардан байни кӯҳи Сафо ва Марва, вуқуф намудан (истодан) дар Арафот, санг партофтан ба Ҷамарот дар Мино ва ғайра мебошад. Ҳаҷ барои бандагон фоидаҳои бузурге дорад, аз ҷумла эълони ягонагии Аллоҳ таъоло, мағфирати бузург барои ҳоҷиён, шиносоӣ байни мусулмонон, омӯхтани аҳкоми дин ва ғайра.Таваҷҷӯҳи ту бо савол додан оиди ҳаҷ, эй ҷавон, бо вуҷуди хурдсолӣ ва дурии макони зисти ту (Канада), ин чизи хубест, ки бояд қадрдонӣ карда шавӣ.

Аз Аллоҳ таъоло мепурсем, ки бароят ҳаҷҷи хонаи худ ва адо намудани фаризаашро муяссар гардонад. Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад бод.

Ҳукми ҳаҷҷу умра Сифати ҳаҷҷу умра
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб