Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Чӣ гуна мусулмони нав номи худро иваз бикунад

18-09-2020

Савол 284

Ҳангоми таваллуд шуданам, падарам маро бо номе, ки ба эътиқодоти куфрии ӯ мувофиқ аст, номгузорӣ кард. Баъди мусулмон шуданам, номамро ба номи исломӣ иваз кардам. Оё ин кори дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Касе, ки Аллоҳ таъоло ӯро ҳидоят кардааст ва ба дини Ислом дохил шудааст, барояш кофист, ки номи исломиеро барои худ интихоб кунад ва ба номи падар ва номи хонаводагии худ боқӣ бимонад. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагоне, ки исломро қабул кардаанд, ба иваз кардани номи падарону падаркалонҳои худ дастур надодааст. Ӯ фақат номҳои муҳаррам (ҳаром кардашуда) ва макрӯҳро иваз кард. Азбаски номат аз решаҳои бутпарастӣ сарчашма мегирад, онро ба номи дигар, ба монанди Билол ё номи дигар иваз кардан, кори дурусту саҳеҳ аст. Аммо бар насаби худ ҳамонтавре ки ҳаст, боқӣ бимон, ки ин боиси розигии падару модар хоҳад шуд. Аз Аллоҳ пурсонем, ки онҳоро ҳидоят намояд ва ба мову шумо тавфиқ бидиҳад. Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад бод.

Номҳо, кунияҳо ва лақабҳо Даъвати ғайри мусулмонон
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб