Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Касе, ки Аллоҳ таъоло ӯро ҳидоят кардааст ва ба дини Ислом дохил шудааст, барояш кофист, ки номи исломиеро барои худ интихоб кунад ва ба номи падар ва номи хонаводагии худ боқӣ бимонад. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагоне, ки исломро қабул кардаанд, ба иваз кардани номи падарону падаркалонҳои худ дастур надодааст. Ӯ фақат номҳои муҳаррам (ҳаром кардашуда) ва макрӯҳро иваз кард. Азбаски номат аз решаҳои бутпарастӣ сарчашма мегирад, онро ба номи дигар, ба монанди Билол ё номи дигар иваз кардан, кори дурусту саҳеҳ аст. Аммо бар насаби худ ҳамонтавре ки ҳаст, боқӣ бимон, ки ин боиси розигии падару модар хоҳад шуд. Аз Аллоҳ пурсонем, ки онҳоро ҳидоят намояд ва ба мову шумо тавфиқ бидиҳад. Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад бод.