Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё барои касе ки ба намози ид баромадааст, ҷоиз аст ки дар намозгоҳ ду ракъат намози таҳияи масҷид бихонад?

06-05-2021

Савол 5266

Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ барои намоз идайн ба намозгоҳ мебаромад ва инчунин мардону занон бо ҳамроҳии ӯ мебаромаданд. Баъд аз ӯ, саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) ба намозгоҳ мебаромаданд. Оё барои касе ки ба намози ид баромадааст, ҷоиз аст ки дар намозгоҳ ду ракъат намози таҳияи масҷид бихонад, ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Касе, ки барои намози ид ба намозгоҳ дохил шавад, пеш аз нишастан, ду ракъат намози таҳияи масҷидро намехонад, зеро хондани намози таҳияи масҷид дар намозгоҳ мухолифи амали паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) мебошад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Намози идайн
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб