Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё барои зан ҷоиз аст, ки дар ҳоли эҳром либосҳои ранга бипӯшад?

02-07-2021

Савол 106559

Оё барои зан ҷоиз аст, ки дар ҳаҷ либосҳои ранга, ба монанди сафед, сабз ва сиёҳ бипӯшад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Бале, барои зан дар эҳром ҷоиз аст, ки ҳар либосеро ки бихоҳад, бипӯшад, аммо набояд зинати худро дар назди мардони номаҳрам намоён кунад, зеро барои зан либоси махсус барои эҳром вуҷуд надорад, бар хилофи мард, ки ӯ (дар ҳоли эҳром) курта, изор, салла, кулоҳ ва масҳӣ намепӯшад. Аммо дар мавриди зан, пӯшидани дастпӯшак, ниқоб ва ороиши зебу зинат манъ аст". Поёни сухан.

"Маҷмӯу фатово"-и Ибни Усаймин (22/181).

Масъалаҳои гуногуни ҳаҷ
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб