Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Дараҷаи ҳадиси қудсии «Ҳар кас ба ризқу рӯзии кам аз Аллоҳ розӣ шавад, Аллоҳ аз амали ками ӯ розӣ мешавад» чӣ гуна мебошад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ин ҳадисро Байҳақӣ дар китоби "Шуабу-л-имон" (7/204) ривоят кардааст.
Дар санади ин ҳадис Исҳоқ ибни Муҳаммад Ал-Фаравӣ вуҷуд дорад, ки ӯро Насоӣ, Абудовуд ва Дорақутнӣ заиф донистаанд.
Ниг: "Мизону-л-иътидол" (1/351) ва "Таҳзибу-т-таҳзиб" (1/217).
Ҳофиз Ироқӣ ин ҳадисро дар "Тахриҷу-л-иҳё" (4/334) заиф донистааст.