Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳадиси «Ҳар кас ба ризқу рӯзии кам аз Аллоҳ розӣ шавад ...».

12935

Таърихи нашр : 05-10-2022

Мушоҳидаҳо : 1528

Савол

Дараҷаи ҳадиси қудсии «Ҳар кас ба ризқу рӯзии кам аз Аллоҳ розӣ шавад, Аллоҳ аз амали ками ӯ розӣ мешавад» чӣ гуна мебошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин ҳадисро Байҳақӣ дар китоби "Шуабу-л-имон" (7/204) ривоят кардааст.

Дар санади ин ҳадис Исҳоқ ибни Муҳаммад Ал-Фаравӣ вуҷуд дорад, ки ӯро Насоӣ, Абудовуд ва Дорақутнӣ заиф донистаанд.

Ниг: "Мизону-л-иътидол" (1/351) ва "Таҳзибу-т-таҳзиб" (1/217).

Ҳофиз Ироқӣ ин ҳадисро дар "Тахриҷу-л-иҳё" (4/334) заиф донистааст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид