Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Рамазон чӣ моҳест?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Рамазон яке аз моҳҳои дувоздаҳгонаи арабӣ аст. Рамазон моҳи бузургвор дар дини ислом аст. Ин моҳ бо хусусиятҳо ва фазилатҳо аз моҳҳои дигар фарқ мекунад, аз ҷумла:
1. Аллоҳ таъоло рӯзаи Рамазонро рукни чаҳоруми аркони Ислом қарор додааст. Чуноне ки мефармояд:
شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدىً لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه
البقرة / 185
"Моҳи Рамазон моҳест, ки Қуръон дар он нозил шудааст, ки ҳидоят барои мардум ва далоили ошкоре аз ҳидоят ва ҷудокунанда (-и ҳаққу ботил) аст. Пас ҳар касе аз шумо ин моҳро дарёбад, пас бояд онро рӯза бидорад". (Сураи Бақара: 185).
Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ (8) ва Муслим (16) ҳадисе аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ислом бар панҷ рукн бино шудааст: Гувоҳӣ додан бар ин ки ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде (бар ҳақ) нест ва Муҳаммад бандаи Аллоҳ ва паёмбари Ӯст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва рӯзаи Рамазон ва ҳаҷҷи хонаи Каъба".
2. Аллоҳ таъоло Қуръонро дар ин моҳ нозил кардааст. Чуноне ки Аллоҳ таъоло дар ояти пешгузашта фармудааст:
شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدىً لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ
البقرة / 185
"Моҳи Рамазон моҳест, ки Қуръон дар он нозил шудааст, ки ҳидоят барои мардум ва далоили ошкоре аз ҳидоят ва ҷудокунанда (-и ҳаққу ботил) аст". (Сураи Бақара: 185).
Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:
إنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ
"Албатта мо он (Қуръон)-ро дар шаби қадр нозил кардем". (Сураи Қадр: 1).
3. Аллоҳ таъоло шаби қадрро, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст, дар ин моҳ қарор додааст. Чуноне ки Аллоҳ таъоло фармудааст:
إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ . وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ . لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ . تَنَزَّلُ الْمَلائِكَةُ وَاالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ . سَلامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ
القدر / 1-5
"Албатта мо он (Қуръон)-ро дар шаби қадр нозил кардем. Ва ту чӣ донӣ шаби қадр чист? Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Фариштагон ва Рӯҳ (Ҷабраил) дар он шаб бо фармони Парвардигорашон барои (анҷоми) ҳар коре ба замин мефароянд. (Он шаб) То дамидани субҳ саломат (ва раҳмат) аст". (Сураи Қадр).
Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:
إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُبَارَكَةٍ إِنَّا كُنَّا مُنْذِرِينَ
الدخان / 3 .
"Албатта Мо он (Қуръон)-ро дар шаби муборак нозил кардем. Бешак Мо бимдиҳанда будаем". (Сураи Духон: 3).
Аллоҳ таъоло Рамазонро бо шаби қадр бартарӣ дод. Сураи Қадр дар баёни манзалати ин шаби муборак нозил гардидааст ва дар фазли шаби қадр ҳадисҳои зиёде омадааст, аз ҷумла, ҳадиси Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод), ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Моҳи Рамазон бароятон фаро расидааст, моҳи мубораке, ки Аллоҳ таъоло рӯзаашро бар шумо фарз гардонидааст. Дарҳои осмон дар ин моҳ боз мешаванд ва дарҳои ҷаҳаннам баста мешаванд. Шайтонҳои саркаш дар он занҷирбанд мешаванд. Аллоҳ дар ин моҳ шабе дорад, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Ҳар касе, ки аз хайри он маҳрум шавад, (аз хайри зиёд) маҳрум шудааст". Ривояти Насоӣ (2106) ва Аҳмад (8769). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тарғиб" (999) саҳеҳ хондааст.
Инчунин Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки шаби қадрро аз рӯи имон ва талаби савоб шабзиндадорӣ кунад, гуноҳони пешинаи ӯ бахшида мешавад". Ривояти Бухорӣ (1910) ва Муслим (760).
4. Аллоҳ таъоло рӯза ва шабзиндадории ин моҳро, ки аз рӯи имон ва талаби савоб анҷом дода шавад, сабаби мағфирати гуноҳон қарор додааст. Чуноне ки дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ (2014) ва Муслим (760) аз Абуҳурайра собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва талаби савоб рӯза гирад, гуноҳони пешинаи ӯ бахшида мешавад".
Инчунин Бухорӣ (2008) ва Муслим (174) аз Абуҳурайра ривоят кардаанд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва талаби савоб шабзиндадорӣ кунад, гуноҳони пешинаи ӯ бахшида мешавад".
Мусулмонон бар суннат будани қиёми шабҳои Рамазон иҷмоъ намудаанд. Нававӣ зикр кардааст, ки мақсад аз қиёми шабҳои Рамазон, намози таровеҳ аст. Яъне, бо барпо доштани намози таровеҳ, мақсуд аз қиёми шабҳои Рамазон ҳосил мегардад.
5. Аллоҳ таъоло дар ин моҳ дарҳои биҳиштро мекушояд, дарҳои дӯзахро мебандад ва шайтонҳоро занҷирбанд мекунад. Чуноне ки дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ (1898) ва Муслим (1079) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят омадааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳаргоҳ Рамазон ояд, дарҳои биҳишт боз мегардад ва дарҳои дӯзах баста мешавад ва шайтонҳо занҷирбанд мегарданд".
6. Аллоҳ таъоло дар ҳар шаби ин моҳ нафаронеро аз оташи дӯзах озод мекунад. Имом Аҳмад (5/256) аз Абуумома ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Аллоҳ ҳангоми ҳар ифтор озодшудагоне дорад". Мунзирӣ гуфтааст: Дар санади ин ҳадис (дар шахсияти ровиён) ҷои шубҳа вуҷуд надорад. Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тарғиб" (987) саҳеҳ шуморидааст.
Баззор дар (Кашф 262) аз Абусаид ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Аллоҳ таъоло дар ҳар рӯзу шаб (яъне, дар Рамазон) озодшудагоне дорад. Дуои ҳар як шахси мусулмон дар ҳар як рӯзу шаби Рамазон иҷобат карда мешавад".
7. Рӯзаи Рамазон сабаби кафорати гуноҳоне, ки пеш аз Рамазон иҷро шудаанд, ба шарте ки аз гуноҳони кабира иҷтиноб варзад. Чуноне ки дар "Саҳиҳ"-и Муслим (233) собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Намозҳои панҷгона ва ҷумъа то ҷумъа ва Рамазон то Рамазон, поккунандаи гуноҳонест, ки дар миёни онҳо рух дода буд, агар аз гуноҳони кабира дурӣ шавад".
8. Рӯзаи Рамазон ба рӯзаи даҳ моҳ баробар аст. Чи гунае ки ҳадиси Абуайюби Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) бар он далолат мекунад ва он дар "Саҳиҳ"-и Муслим (1164) собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки Рамазонро рӯза гирад, сипас онро бо шаш рӯз аз шаввол идома диҳад, (яъне шаш рӯзи дигар дар моҳи шаввол рӯза гирад) монанди рӯзаи даҳр аст (гуё, ки як сол рӯза гирифтааст)".
Аҳмад (21906) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки Рамазонро рӯза гирад, пас ин як моҳ ба андозаи даҳ моҳ аст ва рӯзаи шаш рӯзи дигар баъд аз Фитр, як соли комил аст".
9. Касе, ки дар ин моҳ ҳамроҳи имом дар намоз (яъне дар намози таровеҳ) истад, то он ки имом намозашро ба охир расонад, барояш савоби қиёми як шаби комил навишта мешавад. Чуноне ки дар Сунани Абудовуд (1370) ва дигарон собит шудааст, ки Абузар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки ҳамроҳи имом дар намоз истад, то он ки намозаш ба поён расад, барояш савоби қиёми як шаб навишта мешавад". Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Салоту-т-таровеҳ" (саҳ: 15) саҳеҳ шуморидааст.
10. Умра дар ин моҳ баробари як ҳаҷ аст. Бухорӣ (1782) ва Муслим (1256) аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба яке аз занҳои ансорӣ гуфт: Чӣ туро боздошт, ки ҳамроҳи мо ҳаҷ накунӣ? Он зан гуфт: Мо танҳо ду шутур дорем, ки падари фарзандонам ва писарам бар як шутур ба ҳаҷ рафтаанд, ба мо як шутурро боқӣ монданд, то ки бо он об биёварем. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Пас ҳар гоҳ, ки Рамазон ояд, умра бикун, зеро умра дар Рамазон баробари як ҳаҷ аст. Дар ривояти Муслим омадааст: "Баробари як ҳаҷ ҳамроҳи ман аст".
11. Эътикоф дар ин моҳ суннат аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бардавом онро анҷом медод. Чуноне ки дар ҳадиси Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи охири Рамазон, то охири ҳаёти хеш эътикоф менишаст. Баъди вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамсаронаш эътикоф менишастанд. Ривояти Бухорӣ (1922) ва Муслим (1172).
12. Мудорасаи Қуръон ва бисёр тиловат кардани он дар Рамазон мустаҳаби муаккада аст. Мудорасаи Қуръон, ин тавр аст, ки Қуръонро ба ҳамдигар бихонанд. Далели мустаҳаб будани мудорасаи Қуръон ин аст, ки Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳар шаби Рамазон бо паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дидор мекард ва Қуръонро бо ӯ мудораса мекард. Ривояти Бухорӣ (6) ва Муслим (2308).
Қироати Қуръон мутлақан мустаҳаб аст, вале дар Рамазон бар он таъкиди бештар шудааст.
13. Ифтор додани рӯзадор дар Рамазон мустаҳаб аст. Зеро Зайд ибни Холиди Ҷуҳанӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Шахсе, ки рӯзадореро ифтор диҳад, ба мисли рӯзадор савоб мегирад, аммо аз аҷри рӯзадор чизе кам намешавад". Ривояти Тирмизӣ (807) ва Ибни Моҷа (1746). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" (647) саҳеҳ шуморидааст.
Аллоҳ таъоло донотар аст.