Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Хун гирифтан барои рӯзадор хоҳ кам бошад, хоҳ зиёд чӣ ҳукм дорад? Оё ин рӯзаро мешиканад ё на?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар хуни гирифташуда кам бошад, рӯзааш дуруст аст ва қазои он рӯз бар ӯ воҷиб намебошад. Аммо агар хуни гирифташуда зиёд бошад, ба хотири раҳоӣ аз ихтилофоти уламо ва анҷоми иқдомоти эҳтиётӣ барои пок сохтани зиммаи худ, қазои он рӯзро адо менамояд.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.