Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Барои мард ҷоиз нест, ки бо зане, ки барояш ҳалол нест, танҳо бимонад, зеро ин омили бадахлоқиву фасодкорӣ аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳеҷ марде нест, ки бо зане танҳо бимонад, магар ин ки шайтон шахси саввуми онҳо хоҳад буд».
Агар мақсади дидани ӯ пеш аз тасмими издивоҷ, бидуни хилват бо ӯ дар ҳузури падараш, бародараш, модараш ва ё каси дигаре бошад ва ба ҷойҳое, ки дар аксари мавридҳо намоён аст, ба монанди рӯй, мӯй, кафи дастон ва пойҳо нигоҳ бикунад, ин мувофиқи суннат аст, модоме ки аз фитна дар амон бошад.