Панҷшанбе 6 Ҷумода-л-уло 1446 - 7 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Барои Алӣ ибни Абутолиб "каррамаллоҳу ваҷҳаҳу" (Аллоҳ рӯи ӯро гиромӣ дорад) гуфтан

105474

Таърихи нашр : 24-08-2022

Мушоҳидаҳо : 1422

Савол

Истифодаи ибораи "каррамаллоҳу ваҷҳаҳу" (Аллоҳ рӯи ӯро гиромӣ дорад) барои Алӣ ибни Абутолиб чӣ ҳукме дорад? Оё ӯ дар ин маврид аз дигар саҳобагон бартарӣ дорад? Агар "каррамаллоҳу вуҷуҳа-с-саҳобати аҷмаъин" (Аллоҳ рӯйҳои тамоми саҳобагонро гиромӣ дорад) бигӯям, ишколе дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Тахсис намудани Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) бо дуои "каррамаллоҳу ваҷҳаҳу" (Аллоҳ рӯи ӯро гиромӣ дорад) аз амалкарди рофизиёни ғулувкунанда дар ҳаққи Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аст. Бар аҳли суннат воҷиб аст, ки аз тақлид намудани онҳо дар ин амр дурӣ ҷӯянд ва Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод)-ро бо ин дуо ба истиснои дигар бародаронаш аз саҳобагон, мисли Абубакр, Умар, Усмон ва дигарон тахсис надиҳанд. Аллоҳ аз тамоми саҳобагон хушнуд бод.

Истифода бурдани ин дуо барои тамоми саҳобагон ҳеҷ боке надорад, вале он аз дуоҳои маъсур нест ва он чи ки байни мусулмонон маъмул аст, ин дуои ризояту хушнудии Аллоҳ барои онҳост, Аллоҳ аз онон хушнуд бод, чуноне ки дар Қуръони карим омадааст:

 وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنْ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ 

سورة التوبة: ١٠٠

«Пешгомони нахустин, аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онҳо пайравӣ намуданд, Аллоҳ аз онҳо хушнуд гашт ва онҳо низ аз Ӯ хушнуд шуданд. Барои онҳо боғҳое омода кардааст, ки аз зери (дарахтони) он дарёҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин аст комёбии бузург».   (Сураи Тавба: 100).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод. Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Оли Шайх ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Солеҳ Ал-Фавзон ... Шайх Бакр Абузайд.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (26/43).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб