Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ қасам хӯрдааст, ки ба писари худ номи дӯсташро гузорад, аммо ҳоло мехоҳад фикри худро тағйир бидиҳад

105787

Таърихи нашр : 30-09-2020

Мушоҳидаҳо : 1871

Савол

Ман ҳамроҳи яке аз дӯстонам будам. Ман қасам хӯрдам, ки агар бароям навзоди писар шавад, номи туро ба ӯ мегузорам. Номи ӯ Холид аст. Ман мехоҳам, ки ба писари худ Баттол ном гузорам. Ин навзод аввалин фарзанди ман аст, ки Аллоҳ таъоло бароям ато мекунад ва бар ӯ метарсам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар қасам хӯрдӣ, ки ба писари худ Холид ном гузорӣ, пас тасмим гирифтӣ, ки ба ӯ номи дигар гузорӣ, пас кафораи қасамро бидеҳ, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

لَا يُؤَاخِذُكُمُ اللَّهُ بِاللَّغْوِ فِي أَيْمَانِكُمْ وَلَكِنْ يُؤَاخِذُكُمْ بِمَا عَقَّدْتُمُ الْأَيْمَانَ فَكَفَّارَتُهُ إِطْعَامُ عَشَرَةِ مَسَاكِينَ مِنْ أَوْسَطِ مَا تُطْعِمُونَ أَهْلِيكُمْ أَوْ كِسْوَتُهُمْ أَوْ تَحْرِيرُ رَقَبَةٍ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلَاثَةِ أَيَّامٍ ذَلِكَ كَفَّارَةُ أَيْمَانِكُمْ إِذَا حَلَفْتُمْ وَاحْفَظُوا أَيْمَانَكُمْ كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ   المائدة/89.

"Аллоҳ шуморо ба сабаби қасамҳои беҳудаатон бозхост намекунад. Вале ба сабаби шикастани қасамҳое, ки ба қасд мехӯред, бозхост мекунад ва кафораи он хӯрок додан ба мискин аст аз ғизои миёнае, ки ба хонаводаи хеш мехӯронед ё пӯпиши онҳо, ё озод кардани як банда ва ҳар кӣ наёбад, се рӯз рӯза доштан. Ин кафораи қасамҳои шумо аст, ҳар гоҳ, ки қасам хӯрдед. Қасамҳоятонро ҳифз кунед. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки шукргузор бошед".   (Сураи Моида: 89).

Барои дарёфти маълумоти бо тафсил оиди ин кафора, лутфан ба ҷавоби саволи (45676) нигаред.

Манзурат аз сухани зерин бароямон равшан нест:

"Ин навзод аввалин фарзанди ман аст, ки Аллоҳ таъоло бароям ато мекунад ва бар ӯ метарсам".

Ин ҳеҷ иртиботе ба номгузории ӯ бо номи Холид ё Баттол надорад, балки аз Аллоҳ таъоло бипурс, то ӯро ҳифз намояд.

Бояд барои ӯ номи хуберо интихоб намоӣ, зеро ин аз умурест, ки дар шариъат анҷоми он мустаҳаб аст. Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (7180) нигаред.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб