Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Кафора (товон, ҷарима)-и қасам бо тафсил чист?

Савол

Хоҳиш мекунам, ки кафораи қасамро муфассал баён намоед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло кафораи қасамро дар Қуръон чунин баён кардааст:

 لا يُؤَاخِذُكُمُ اللَّهُ بِاللَّغْوِ فِي أَيْمَانِكُمْ وَلَكِنْ يُؤَاخِذُكُمْ بِمَا عَقَّدْتُمُ الأَيْمَانَ فَكَفَّارَتُهُ إِطْعَامُ عَشَرَةِ مَسَاكِينَ مِنْ أَوْسَطِ مَا تُطْعِمُونَ أَهْلِيكُمْ أَوْ كِسْوَتُهُمْ أَوْ تَحْرِيرُ رَقَبَةٍ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلاثَةِ أَيَّامٍ ذَلِكَ كَفَّارَةُ أَيْمَانِكُمْ إِذَا حَلَفْتُمْ وَاحْفَظُوا أَيْمَانَكُمْ كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ    المائدة / 89

"Аллоҳ таъоло шуморо ба сабаби қасамҳои беҳудаатон бозхост намекунад. Вале ба сабаби шикастани савгандҳое, ки ба қасд мехӯред, бозхост мекунад. Пас кафораи он хӯрок додан ба даҳ мискин аст аз ғизои миёнае, ки ба хонаводаи хеш мехӯронед ё пӯшиши онҳо, ё озод кардани як банда ва ҳар кӣ наёбад, се рӯз рӯза доштан. Ин кафораи қасамҳои шумост, ҳар гоҳ, ки қасам хӯрдед. Ва савгандҳои худро ҳифз кунед. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки шукргузор бошед".   (Сураи Моида: 89).

Дар инҷо инсон байни се чиз ихтиёр дорад:

1. Хӯрок додан ба даҳ нафар мискинон аз хӯроки миёнае, ки хонаводаашро мехӯронад. Ба ҳар як мискин нисфи соъ, аз хӯроки он кишвар медиҳад, ба монанди биринҷ ва дигар (хӯрокҳое, ки дар он кишвар ҳамчун хӯрок истифода мешавад), ки андозаи он тақрибан якуним килограмм мебошад. Агар (мардуми он кишвар) одат дошта бошанд, ки ҳамроҳи биринҷ, хӯроке ба монанди хӯришт бихӯранд, пас шоиста аст, ки ҳамроҳи биринҷ, хӯришту гӯшт бидиҳанд. Агар даҳ мискинро якҷо ҷамъ карда, ба онҳо хӯроки нисфирӯзӣ ё хӯроки бегоҳӣ бидиҳад, кифоя аст.

2. Либос додан ба даҳ мискин. Яъне ба ҳар мискин либосе медиҳад, ки бо он намоз хонда тавонад. Ба мардон куртаи дароз (куртаи дарозе, ки мардуми араб мепӯшанд) ё изору ридо (яъне шиму курта) ва ба занон куртаи дароз ва сарбанд (рӯймол) додан мумкин аст.

3. Озод кардани як ғуломи мусулмон.

Агар инсон чизе аз онро пайдо нанамояд, пас бояд се рӯз пайдарпай рӯза бигирад.

Ҷумҳури олимон бар инанд, ки кафораро бо пул пархохт намудан дуруст нест.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

"Дар кафора арзиши хӯрок ё либосро пардохт кардан ҷоиз нест, зеро Аллоҳ хӯрокро зикр кардааст, пас кафора ба ғайри он ҳосил намешавад. Аллоҳ байни се чиз ихтиёр додааст. Агар пардохти арзиши он (бо пул) ҷоиз мебуд, ихтиёр ба ин се чиз маҳдуд намешуд". Поёни сухан.

Китоби "Ал-Муғнӣ" (11/256).

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

"Бояд кафора хӯрок бошад, на пул, зеро ин чизест, ки дар Қуръони Карим ва суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст. Воҷиб он аст, ки нисфи соъ, ки тақрибан якуним килограм аст, аз хӯроки маъмулии он кишвар, ба монанди хурмо ё гандум ё чизи дигар бидиҳад, агар ба онҳо хӯроки нисфирӯзӣ ё хӯроки бегоҳӣ бидиҳӣ, ё ба онҳо либосе, ки бо он намоз хонда тавонад, яъне куртаи дароз ё изору ридо (яъне шиму курта) кифоя аст". Поёни сухан.

"Фатово исломия" (3/481).

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

"Агар инсон ғуломе барои озод кардан ва хӯроку либосе пайдо накунад, пас дар ин ҳолат се рӯз рӯза мегирад ва ин се рӯз пайдарпай аст, ки набояд байни онҳо канда шавад".  

"Фатово манори-л-ислом" (3/667).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб