Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми рӯзаи қазоӣ гирифтан бе иҷозати шавҳар

Савол

Ҳукми зане, ки бе иҷозати шавҳараш (яъне бидуни иттилои ӯ) ду рӯз рӯза бигирад, чист? Бояд қайд кард, ки ин рӯза қазои рӯзаи моҳи Рамазони муборак буд. Зан дар ҳангоми рӯза гирифтан шарм кард, ки онро ба шавҳараш хабар бидиҳад. Агар ин кори ӯ нораво бошад, оё бар ӯ каффорат лозим аст?

Хулосаи ҷавоб

Бар зан воҷиб аст, ки қазои рӯзаи рӯзҳоеро, ки дар Рамазон хӯрда буд, анҷом бидиҳад, гарчанде ки бе иҷозати шавҳараш ҳам бошад. Дар рӯзаи фариза иҷозати шавҳар барои зан шарт нест. Бинобар ин, рӯзаи он зан дуруст аст. Аммо дар мавриди рӯзаи ғайри фарзӣ бошад, зан набояд дар ҳузури шавҳараш бе иҷозати ӯ рӯза бигирад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Бар зан воҷиб аст, ки қазои рӯзаи рӯзҳоеро, ки дар Рамазон хӯрда буд, анҷом бидиҳад, гарчанде ки бе иҷозати шавҳараш ҳам бошад. Дар рӯзаи фариза иҷозати шавҳар барои зан шарт нест. Бинобар ин, рӯзаи он зан дуруст аст. Аммо дар мавриди рӯзаи ғайри фарзӣ бошад, зан набояд дар ҳузури шавҳараш бе иҷозати ӯ рӯза бигирад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) наҳй кардааст, ки зан дар ҳузури шавҳараш бе иҷозати ӯ рӯза бигирад, магар дар моҳи Рамазон.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (10/353).

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб