Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё барои эътикофнишин ҷоиз аст, ки (дар ҳангоми эътикоф) барои адо намудани ҳоҷатҳои мусулмонон бо телефон занг бизанад?

Савол

Оё барои эътикофнишин ҷоиз аст, ки (дар ҳангоми эътикоф) барои адо намудани ҳоҷатҳои мусулмонон бо телефон занг бизанад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, барои эътикофнишин ҷоиз аст, ки (дар ҳангоми эътикоф) барои адо намудани баъзе ҳоҷатҳои мусулмонон бо телефон занг бизанад, модоме ки дар дохили масҷид бошад, ки ӯ дар онҷо ба эътикоф нишастааст, зеро ӯ аз масҷид берун набаромадааст. Аммо агар дар беруни масҷид бошад, пас набояд ба хотири он берун биравад.

Агар ин шахс махсус барои ҳалли ҳоҷатҳои мусулмонон таъин шуда бошад, ба эътикоф нашинад, зеро адо намудани ҳоҷатҳои мусулмонон аз эътикоф муҳимтар аст, чунки манфиати он мутааддӣ аст. (Яъне манфиати он ҳам ба иҷрокунанда ва ҳам ба дигарон мерасад). Амалҳои хубе, ки манфиати он ҳам ба иҷрокунанда ва ҳам ба дигарон мерасад, нисбат ба амалҳои хубе, ки манфиати он танҳо ба иҷрокунанда мерасад, беҳтар аст, модоме ки он аз ҷумлаи амалҳои муҳим ва воҷибҳои Ислом набошад. Поёни сухан.

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

Рисолаи "Аҳкому-с-сиёми ва фатово-л-иътикоф" (саҳ 35).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб