Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ҳукми қироат кардан аз рӯи роёна дар намоз ба монанди қироат кардан аз рӯи мусҳаф дар намоз аст. Ин масъалаи машҳур аст ва дар ин масъала байни донишмандон ихтилоф вуҷуд дорад. Шофеиёну ҳанбалиён онро ҷоиз донистаанд. Аммо Абуҳанифа бошад, намози касеро, ки аз рӯи мусҳаф қироат мекунад, ботил хондааст.
Дар "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳийя" (33/57, 58) омадааст:
"Шофеиёну ҳанбалиён дар намоз аз рӯи мусҳаф қироат намуданро ҷоиз донистаанд. Имом Аҳмад мегӯяд: Ҳеҷ боке надорад, ки ба мардум дар намози қиём имоматӣ карда, ба мусҳаф назар намояд. Ба ӯ гуфтанд: Дар намози фариза чӣ? Гуфт: Оиди ин масъала чизе нашунидаам".
Аз Зуҳрӣ оиди марде, ки дар Рамазон аз рӯи масҳаф қироат мекунад, пурсиданд. Дар ҷавоб гуфт: Беҳтарин шахсони мо аз рӯи мусҳаф қироат мекарданд".
Дар шарҳи "Равзу-т-толиб"-и Шайх Закариё Ансорӣ омадааст: Агар аз рӯи мусҳаф қироат намояд ва гоҳо варақи онро гардонад, намозаш ботил намешавад, зеро он амали андаке буда, пайдарпай намебошад. Анҷом додани кори андаке, ки қасдан, бе ҳоҷат зиёд анҷом доданаш намозро бекор мекунад, макрӯҳ аст.
Абуҳанифа ба ин назар аст, ки намози касе ки аз рӯи мусҳаф қироат мекунад, фосид аст, хоҳ кам бошад ва ё зиёд, хоҳ имом бошад ва ё танҳогузор, хоҳ бесаводе бошад, ки бе мусҳаф қироат карда натавонад.
Ду нуқтаеро оиди иллати ботил шудани намоз назди Абуҳанифа зикр кардаанд:
Аввал: Бардоштани мусҳаф, назар кардан ба он ва варақҳои онро гардонидан амали бисёр аст.
Дуввум: Ин талқин аз мусҳаф аст. Ин монанди он аст, ки касе Қуръонро ба ӯ талқин карда истодааст. Бар асоси дуввум, ҳеҷ фарқе нест, ки мусҳаф бар ягон ҷое гузошта шавад ва ё онро дар даст нигоҳ дорад. Аммо бар асоси аввал он фарқ дорад.
Вале Абуҳанифа шахсеро, ки ҳофизи Қуръон аст ва ҳангоми қироат Қуръонро дар даст нигоҳ намедорад, истисно кардааст ва гуфтааст, ки намозаш бекор намешавад, зеро ин қироат илова бар ҳифзи ӯ аст, на талқин гирифтан аз мусҳаф. Мусҳафро набардошта, танҳо ба он назар кардан намозро фосид намекунад.
Шогирдони ӯ, Абуюсуфу Муҳаммад (дар намоз) аз рӯи мусҳаф қироат карданро макруҳ медонанд, агар нияти ба аҳли китоб монанд шуданро дошта бошад". Поёни сухан бо ихтисор.
Донишмандони кумитаи доимӣ оиди фатводиҳӣ, Шайх Ал-Усаймин ва Шайх Абдуллоҳ Ал-Ҷибрин ба ҷоиз будани ин амал фатво содир кардаанд.
Барои маълумоти бештар ба саволи рақами (1255 ) ва (69670) нигаред.
Бешубҳа, авлотар ва беҳтар аст, ки имоматии мардумро ҳофизи Қуръон ба дӯш дошта бошад ва аз ҳифзи худ қироат намояд.
Аз Шайх Солеҳ ибни Фавзон Ал-Фавзон (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) пурсиданд:
Хоҳиш мекунем, ки ба ин савол ҷавоб диҳед: Оё қироати Қуръон аз мусҳаф беҳтар аст ва ё аз ҳифз?
Дар ҷавоб гуфт:
"Аммо дар мавриди қироат кардани Қуръон дар ғайри намоз бошад, қироат аз рӯи мусҳаф беҳтар аст, зеро он ба забт ва ҳифз наздиктар аст, магар дар ҳолате ки қироат аз хотира ба ҳифз карданаш ёрӣ диҳад ё эҳсоси фурӯтании бештар дошта бошад, пас дар ин ҳолат, аз ҳифзи худ бихонад.
Аммо дар намоз беҳтар аст, ки аз ҳифз бихонад, зеро агар аз мусҳаф қироат намояд, амали бисёру ботакрор ҳосил мешавад, ба монанди бардоштани мусҳаф, гузоштани он, гардонидани варақ ва назар кардан ба ҳарфҳои он. Ҳамчунин, дар қиём имкон пайдо намекунад, ки дасти ростро болои дасти чап бар сина гузорад. Шояд рукӯъ ва саҷдаро низ ба таври комил адо карда натавонад, агар мусҳафро зери бағал нигаҳ дорад. Аз ин рӯ, мо дар намоз аз ҳифз қироат карданро аз қироат аз рӯи мусҳаф беҳтар медонем". Поёни сухан.
"Ал-Мунтақо мин фатово-л-фавзон" (2/35, саволи рақами 16).
Ба сухани Шайх Ал-Усаймин дар фатвои рақами (3465) нигаред.
Яке аз камбудиҳои қироат аз рӯи мусҳаф – ҳамчунин аз роёна ё телефон – дар намоз ин аст, ки ҳиммату хоҳиши имомро дар ҳифзи Қуръон нобуд месозад. Агар имом бидонад, ки дар намоз мусҳафро мекушояд ва ё ба роёна ё телефон назар мекунад, вақти худро барои ҳифзи китоби Аллоҳ таъоло сарф намекунад. Бародарам, ба ҳифзи китоби Аллоҳ кӯшиш намо ва дар намозат аз ҳифз бихон.
Аллоҳ донотар аст.