Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ пешниҳод мекунад, ки Мино васеъ карда шавад!

109306

Таърихи нашр : 06-07-2021

Мушоҳидаҳо : 1601

Савол

Оё имкон дорад, ки Мино васеъ карда шавад, то он барои ҳамаи ҳоҷиён кофӣ бошад? Зеро бисёре аз ҳоҷиён дар Мино барои худ ҷое ёфта наметавонанд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Маконҳову вақтҳои ҳаҷ аз ҷониби шариат муайян карда шудаанд ва дар ин мавзӯъ барои иҷтиҳод ҷое нест. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳаҷҷи видоъро анҷом дод ва дар он ҳаҷ гуфт: «Равиши ҳаҷҷатонро аз ман биёмӯзед, зеро шояд ман баъд аз ин сол бо шумо рӯбарӯ нашавам».

Ва ӯ дар он маконҳо ва вақтҳои ҳаҷро баён кард.

Ҳудуи Мино аз водии Муҳассир то Ҷамараи Ақаба мебошад. Касе, ки ҳаҷ мекунад, бояд барои худ маконеро дар дохили ҳудуди Мино ҷустуҷӯ бикунад. Агар ӯ (дар дохили Мино) маконеро ба даст оварда натавонад, дар наздиктарин маконе дар канори Мино мемонад ва барои ӯ ҳеҷ чизе воҷиб намегардад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Шайх Абдураззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён. "Фатово-л- лаҷнату-д-доима" (11/265).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб