Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Марде бо ҳамсараш мушоҷара мекунад ва сари ӯро ба девор мекӯбад, бар асари он ҳамсараш мемирад

110690

Таърихи нашр : 08-02-2022

Мушоҳидаҳо : 2263

Савол

Марде бо ҳамсараш ба хотири зани дуввумаш мушоҷара мекунад. Дар лаҳзаи ғазаб, ҳангоми ҷидол сари ӯро мегираду, ба девор мекӯбад, бар асари он, зан беҳуш мешавад, дигар ба ҳуш намеояд ва ҷон медиҳад. Оё ин шавҳар лаънатӣ аст? Ва ё ӯ ба хотири нияти куштан надоштанаш бахшида мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Амале, ки ин мард иҷро кардааст, ки сари ҳамсарашро гирифта, ба девор кӯбидааст, амали мункар ва ноҷоиз мебошад, зеро Аллоҳ таъоло задани ҳамсарро бо ин шева ҳалол накардааст, танҳо рухсат додааст, ки баъд аз насиҳат ва ҳаҷр намудани ӯ (дурӣ кардан аз ӯ), ӯро ба нияти адаб додан бизанад, ба шарте, ки бошиддат назанад, асаре бар баданаш нагузорад ва узверо нашиканад ва ӯро ба нияти интиқом ё холӣ кардани нафс аз хашм назанад.

Дуввум:

Коре, ки шавҳар анҷом додааст, қатли шибҳи амд ҳисобида мешавад ва он (қатли шибҳи амд) тибқи таърифи аксари донишмандон қасди задани шахсе бо чизест, ки маъмулан намекушад, монанди қамчин ё чӯби хурд.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Муғнӣ" (8/116) гуфтааст: "Шибҳи амд яке аз қисмҳои қатл аст, ки иборат аз қасди задан бо чизе, ки маъмулан кушанда нест. Фарқе надорад, хоҳ ӯро бо сабаби душманӣ бизанад ва ё ба нияти танбеҳ, вале дар ин амр зиёдаравӣ мекунад, масалан задан бо қамчин, асо, санги хурд, даст ва ё бо чизҳое мезанад, ки маъмулан инсон аз он намемирад, вале агар фавт шавад, ин қатли шибҳи амд аст, зеро ӯ нияти задан дошт, нияти куштан надошт. Аз ин рӯ, амди хато ва ё хатои амд ҳам номбурда мешавад, чунки дар он ҳам амд ва ҳам хато вуҷуд дорад, зеро ӯ боамд (амдан, қасдан) зад, вале дар куштор хато кард. Дар ин ҳолат қасос ҷорӣ намешавад, вале тибқи дидгоҳи аксари аҳли илм бояд ба оқилаи мақтул (кушташуда) дия бидиҳад". Поёни сухан.

Аз ин рӯ, бар шавҳар ду чиз воҷиб аст:

Аввал: Каффорат, ки он озод кардани ғуломе мебошад, агар наёбад, пас бояд ду моҳ пайдарпай рӯза бигирад. Тибқи саҳеҳтарин дидгоҳи донишмандон хӯрок додан ба мискинон дар ин ҳолат кофӣ нест.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ أَنْ يَقْتُلَ مُؤْمِنًا إِلَّا خَطَأً وَمَنْ قَتَلَ مُؤْمِنًا خَطَأً فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُؤْمِنَةٍ وَدِيَةٌ مُسَلَّمَةٌ إِلَى أَهْلِهِ إِلَّا أَنْ يَصَّدَّقُوا فَإِنْ كَانَ مِنْ قَوْمٍ عَدُوٍّ لَكُمْ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُؤْمِنَةٍ وَإِنْ كَانَ مِنْ قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ مِيثَاقٌ فَدِيَةٌ مُسَلَّمَةٌ إِلَى أَهْلِهِ وَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُؤْمِنَةٍ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ تَوْبَةً مِنَ اللهِ وَكَانَ اللهُ عَلِيمًا حَكِيمًا   (سورة النساء: ٩٢).

«Ҳеҷ мӯъминеро сазовор нест, ки мӯъмини дигареро бикушад, магар аз рӯи хато. Ва касе, ки мӯъминеро ба хато бикушад, бояд як бардаи мӯъминеро озод кунад ва хунбаҳое ба хонаводаи ӯ (яъне ба меросбарони мақтул) бипардозад, магар ин ки онҳо гузашт кунанд. Ва агар (мақтул) аз қавме бошад, ки душманони шумо ҳастанд ва (худи) ӯ мӯъмин аст, пас бояд як бардаи мӯъминеро озод бикунад ва агар (мақтул мӯъмин набошад, вале) аз қавме бошад, ки миёни шумо ва эшон паймоне аст, бояд хунбаҳое ба хонаводаи ӯ бипардозад ва як бардаи мӯъминеро озод кунад. Ва ҳар ки наёфт, пас, (бояд) ба унвони тавбае ба даргоҳи Аллоҳ ду моҳ пайдарпай рӯза бигирад. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст».   (Сураи Нисо: 92).

Аз донишмандони Кумитаи доимӣ оид ба фатводиҳӣ пурсиданд: Оё баъд аз пардохти дия бояд рӯза бигирам? Ва чанд рӯз бояд рӯза бигирам? Оё он рӯза пайдарпай бошад ва ё на? Оё мумкин аст, ки рӯзаро ба сурати мунқатеъ (ҷудо-ҷудо, нопайваста) гирифт ва ё ба ҷои он (ба мискинон) хӯрок бидиҳам?

Дар ҷавоб гуфтанд: "Каффорати қатли хато бар шумо воҷиб аст, ки иборат аз озод кардани як ғуломи мӯъмин, агар онро наёбӣ, пас ду моҳ пайдарпай рӯза бигир ва рӯзаи ин ду моҳро ба сурати мунқатеъ гирифтан дуруст нест ва ҳамчунин хӯрок додан ба мискинон дар каффораи қатли хато дуруст нест, зеро (хӯрок додан ба мискинон) ба унвони каффораи қатл на дар китоби Аллоҳ ва на дар суннати расули Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст ва Парвардигорат фаромӯшкор нест". Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (21/273).

Дуввум: Дия. Дияро бояд оқилаи қотил бидиҳад, магар дар ҳолате ки меросхӯрони ҳамсар ӯро бубахшанд.

Оқиларо имрӯзҳо "оила" меноманд. Манзур аз оила, танҳо мардони оила мебошанд ва занон ба он дохил намешаванд. Мардони оила, (ки дияи қотилро медиҳанд) инҳоянд: Падар, падаркалон, писар, бародарон, амакҳо ва писарамакҳо.

Дияи зан нисфи дияи мард, яъне панҷоҳ шутур аст.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб