Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Зане қазои рӯзаҳояшро ба ҷо наёвардааст

Савол

Ман қазои рӯзаи рӯзҳои моҳи Рамазонро, ки бо сабаби одати моҳона аз ман фавт шуда буд, ҳанӯз ба ҷо наёвардаам ва адади он рӯзҳоро ҳисоб карда наметавонам. Ман бояд чӣ кор кунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Эй хоҳар дар роҳи Аллоҳ! Шумо бояд кӯшиш кунед ва ҳамон миқдореро, ки ба эҳтимоли зиёд рӯзаи он рӯзҳоро аз даст додаед, рӯза бигиред ва аз Аллоҳ таъоло ёриву тавфиқ бихоҳед.
Аллоҳ таъоло фармудааст:

لَا يُكَلِّفُ اللهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا

سورة البقرة: ٢٨٦

«Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ мукаллаф (ӯҳдадор) намесозад».   (Сураи Бақара: 286).

Кӯшиш кунед, талош намоед ва барои худ эҳтиёткор бошед, то ин ки ҳамон миқдореро, ки ба эҳтимоли зиёд рӯзаи он рӯзҳоро аз даст додаед, рӯза бигиред ва ба сӯи Аллоҳ тавба кунед.
   Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.

Сарчашма: Аз фатовои Ҷаноби Шайх Ибни Боз (Аллоҳ ӯро раҳм кунад)