Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё издивоҷ нисфи дин аст?

Савол

Оё дуруст аст, ки касе издивоҷ бикунад, нисфи динашро мукаммал намудааст? Далели он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Суннат бар машрӯияти издивоҷ далолат мекунад. Издивоҷ яке аз суннатҳои паёмбарон аст. Инсон ба воситаи издивоҷ бо тавфиқи Аллоҳ таъоло метавонад бар бисёре аз тамоюлоту одатҳои бад ғалаба кунад. Издивоҷ беҳтарин васила барои пок нигоҳ доштани чашм (аз нигоҳ ба ҳаром ва номаҳрамон) ва ҳифз намудани шармгоҳ (аз амалҳои фоҳиша) аст, ҳамонтавре ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Эй ҷамоати ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавоноии издивоҷ карданро дорад, пас бояд издивоҷ намояд, зеро издивоҷ қавитарин васила барои пок нигоҳ доштани чашму шармгоҳ аст ... ».   Муттафақун алайҳ (ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Ҳоким дар китоби "Мустадрак"-и худ аз Анас ба таври марфуъ ривоят кардааст: «Касе, ки Аллоҳ зани солиҳаеро насибаш гардонад, ӯро бар нисфи динаш ёрӣ додааст, пас дар нисфи дигар тақвои Аллоҳро пеша бигирад».
Байҳақӣ дар китоби "Шуъаб" аз Рақошӣ бо лафзи зерин ривоят кардааст: «Ҳар гоҳ банда издивоҷ бикунад, нисфи динро комил намудааст, пас дар нисфи дигар тақвои Аллоҳро пеша бигирад».   (Албонӣ дар мавриди ин ду ҳадис дар китоби "Саҳиҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб" (1916) гуфтааст: Ҳасан лиғайриҳи аст).

 Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси ва-л-ифто (18/31)