Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Закот додан ба толибилм

121181

Таърихи нашр : 21-09-2021

Мушоҳидаҳо : 2331

Савол

Ҳукми закот додан ба толибилм чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Толибилме, ки тамоми вақти худро ба талаби илми шаръӣ бахшидааст, ҳатто агар барои дарёфти ризқ қодиру тавоно бошад ҳам, ба ӯ закот додан ҷоиз аст, зеро талаби илми шаръӣ як навъ ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ аст ва Аллоҳ таъоло ҷиҳод дар роҳи худро яке аз синфҳои мустаҳаққони закот қарор додааст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِى سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللهِ وَاللهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ    (سورة التوبة: ٦٠).

«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст».   (Сураи Тавба: 60).

Аммо агар толибилм тамоми вақти худро ба талаби илми дунявӣ бахшида бошад, ба ӯ закот дода намешавад. Мо ба ӯ мегӯем:

Ҳоло шумо барои дунё талош мекунед ва шумо метавонед ба воситаи ҳунари худ мол ба даст оваред, аз ин рӯ, мо ба шумо закот дода наметавонем". Поёни сухан.

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

"Маҷмӯу фатово"-и Шайх Ибни Усаймин (18/409).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб