Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Камтар пеш аз баромадани офтоб дар ҳоли ҷунубӣ аз хоб бедор шуд, пас бояд ғусл кунад, гарчанде ки (дар ин муддат) офтоб ҳам барояд?

121483

Таърихи нашр : 15-07-2024

Мушоҳидаҳо : 693

Савол

Оё риоя намудани вақти намоз аз таҳорат бартар аст ва ё таҳорат барои касе, ки дар ҳоли ҷунубӣ аз хоб бедор мешавад, бартар аст, чунки агар ғусл кунад, офтоб мебарояд. Оё (дар ин ҳолат) бояд (аввал) ғусл намояду, қазои намозро (пас аз баромадани офтоб) анҷом бидиҳад ва ё пеш аз баромадани офтоб намоз бихонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ғусл мекунад ва (пас аз он) намоз мехонад, гарчанде ки офтоб ҳам барояд, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ

سورة المائدة: ٦

«Эй касоне, ки имон овардаед, чун ба намоз бархостед, рӯй ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед».   (Сураи Моида: 6).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Касе аз намозе хоб кунад ва ё онро фаромӯш намояд, пас бояд он намозро чун ба ёд оварад, бихонад».

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Шайх Абдурраззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.
"Фатово-л-лаҷнати-д-доима" (6/298).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб