Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Сарнавишти касе, ки закот намедиҳад, агар бимирад

Савол

Ҳукми касе, ки гувоҳӣ бидиҳад, ки ҳеҷ маъбуде (бар ҳақ) ҷуз Аллоҳ нест ва намозро барпо дорад, вале закот надиҳад ва ба он розӣ ҳам набошад, чист? Дар Ислом ҳукми чунин шахс агар бимирад, чӣ гуна аст, оё бар ӯ намози ҷаноза хонда мешавад ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Закот яке аз рукнҳои Ислом аст. Агар касе аз рӯи инкор онро тарк кунад, ҳукми он ба ӯ баён карда мешавад. Агар исрор намояд, кофир  мешавад, бар ӯ намози ҷаноза хонда намешавад ва ӯ дар қабристони мусулмонон дафн карда намешавад. Аммо агар аз рӯи бахилӣ закот надиҳад, вале ба фарз будани он мӯътақид бошад, пас дар ин ҳолат, ӯ муртакиби гуноҳи кабира ва фосиқ аст, вале кофир намебошад. Ва агар дар ҳамин ҳол бимирад, ғусл дода мешавад ва бар ӯ намози ҷаноза хонда мешавад ва сарнавишти ӯ ба рӯзи қиёмат вогузор мешавад. 

Сарчашма: Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 9/184