Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Насронӣ зане оиди рӯзи таваллуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мепурсад ва он барои мусулмонон чӣ аҳмияте дорад

Савол

Рӯзи таваллуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чӣ аҳамияте дорад? Ва он кай ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал: Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фиристодаи Аллоҳ ба сӯи ҳамаи мардум мебошад, ки Аллоҳ бо воситаи ӯ мардумро аз торикиҳо ба сӯи нур ва аз гумроҳӣ ба сӯи ҳидоят ва роҳи рост роҳнамоӣ намуд.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (11575) руҷӯъ карда шавад.

Шояд ин савол оғози ҷустуҷӯи васеъ дар бораи дини Ислом ва кӯшиш барои омӯхтану хондани муфассал оиди ин дин бошад. Кӯшиш намуда, тарҷумаи Қуръонро пайдо кун, то дар бораи ин дини ҳаниф маълумоти бештар бигирӣ. Агар ба ин дин дохил шуда, хоҳари исломии мо шавӣ, бешубҳа шодии мо афзун хоҳад шуд.

Дуввум: Ибодатҳо дар Ислом бар асоси бузурге пойдоранд. Ва он асос ин аст, ки барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, ибодати Аллоҳро ба ғайри равише, ки Аллоҳ дар китоби худ машрӯъ кардааст, ё аз ҷониби паёмбару фиристодааш Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) таълим дода шудааст, анҷом бидиҳад. Касе ки Аллоҳро бо амале, ки Аллоҳ ва расулаш ба он амр накардаанд, ибодат кунад, Аллоҳ он амалро аз ӯ қабул намекунад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) инро ба мо хабар додааст.

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас дар дини мо чизеро, ки дар он нест, пайдо кунад, пас он радшуда аст».   Ривояти Бухорӣ (Китоби сулҳ: 2499)

Идҳо аз ҷумлаи ибодатҳо ба шумор мераванд. (Яъне идҳо низ ибодат мебошанд). Аллоҳ таъоло ду идро бароямон машрӯъ кардааст, ки он ду рӯзро ҷашн бигирем. Ҷашн гирифтани дигар рӯзҳо ҷоиз нест.

(Ба ҷавоби саволи рақами (486) руҷӯъ карда шавад).

Аммо дар мавриди ҷашни рӯзе, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) таваллуд шудааст, бояд донист, ки ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҷашни ин рӯзро бароямон машрӯъ накардааст ва ӯ худаш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) низ он рӯзро ҷашн нагирифтааст ва инчунин саҳобагонаш (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) он рӯзро ҷашн нагирифтаанд. Саҳобагон паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро аз мо зиёдтар дӯст медоштанд, бо вуҷуди ин ҳам, ин рӯзро ҷашн намегирифтанд. Аз ин хотир, мо ба амри Аллоҳ таъоло, ки моро ба пайравӣ намудани фармудаҳои паёмбараш дастур додааст, пайравӣ намуда, ин рӯзро ҷашн намегирем.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا ءَاتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا   سورة الحشر/7

{Ва он чи ки паёмбар ба шумо дод, бигиред ва аз он чи ки шуморо аз он манъ кард, боз истед}.   (Сураи Ҳашр: 7).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ба суннати ман ва суннати хулафои рошидини ҳидоятёфта баъд аз ман чанг занед ва онро бо дандонҳо маҳкам бигиред ва аз амалҳои навпайдошуда дар дин бипарҳезед, зеро ҳар як амали навпайдошуда бидъат аст ва ҳар як бидъат гумроҳӣ аст».   Ривояти Абудовуд (Ассунна/3991). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи Абудовуд" дар зери шумораи (3851) саҳеҳ донистааст.

Аз ҷумлаи василаҳое, ки миқёс ва андозаи муҳаббати шахсро нисбати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) муайян менамояд, ин пайравӣ намудани ӯ дар тамоми амрҳояш ва дурӣ аз наҳйҳояш мебошад. Аз ҷумла пайравӣ намудани ӯ дар ҷашн нагирифтани рӯзи таваллуди ӯ мебошад.

Касе бихоҳад, ки рӯзи таваллуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бузург бидорад, бояд ба ҷои он, амали дигареро, ки мувофиқи шариат аст, анҷом бидиҳад ва он рӯзаи рӯзи душанбе мебошад. Рӯза доштан на танҳо дар рӯзи таваллуд, балки дар ҳар рӯзи душанбе машрӯъ мебошад.

Аз Абуқатодаи Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди рӯзаи рӯзи душанбе пурсида шуд? Дар ҷавоб гуфт: «Дар он рӯз таваллуд шудам ва дар он рӯз Қуръон ба ман нозил шуд».   Ривояти Муслим (1978). Дар рӯзи панҷшанбе амалҳо бардошта шуда, ба Аллоҳ пешниҳод карда мешаванд.

Хулоса: Ҷашни рӯзи таваллуди паёмбарро Аллоҳ таъоло ва расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) машрӯъ накардаанд. Аз ин хотир, тибқи итоати фармони Аллоҳ таъоло ва паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барои мусулмонон ҷашн гирифтани рӯзи таваллуди паёмбар ҷоиз нест.

Аз Аллоҳ мепурсем, ки туро ба роҳи рост ҳидоят кунад.

      Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид