Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Чӣ гуна метавон кӯдаконро ба рӯзадорӣ одат кунонид?

Савол

Ман фарзанди нӯҳсола дорам. Мехоҳам ба ман кӯмак намоед, чӣ гуна писарамро ба рӯзаи моҳи Рамазон одат кунонам, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад). Зеро ӯ дар Рамазони гузашта танҳо 15 рӯз рӯза гирифтааст.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Дидани чунин савол хеле хурсандибахш аст. Ин савол ба зиёд аҳамият додан нисбати фарзандон ва тарбияи онон бар тоати Аллоҳ таъоло далолат мекунад. Ин ҳамон насиҳат намудани зердастон аст, ки Аллоҳ волидайнро бар онҳо сарвар қарор додааст.

Дуввум:

Писарчаи нӯҳсола аз рӯи шариат ба рӯзадорӣ мукаллаф нагардидааст, чунки ба синни балоғат нарасидааст. Аммо Аллоҳ таъоло падару модарро вазифадор намудааст, ки фарзандонро ба ибодатҳо тарбия кунанд. Аллоҳ таъоло ба онон дастур додааст, ки ба писарон дар синни ҳафтсолагӣ намозхониро таълим бидиҳанд ва дар синни даҳсолагӣ агар намоз нахонданд, бизананд. Саҳобагони гиромиқадр (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) кӯдаконашонро дар хурдсолӣ рӯза медоронданд, то ба ин ибодати бузург одат кунанд. Ҳамаи ин муносибатҳо ба аҳамияти ҷиддӣ нисбати фарзандон барои нашъунамои онон бар кирдору рафтори беҳтарин далолат мекунанд.

Дар бораи намоз чунин омадааст:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳангоме ки фарзандонатон ба ҳафтсолагӣ расиданд, ба намоз хондан амр намоед. Чун ба даҳсолагӣ расиданду намоз нахонданд, онҳоро бизанед ва (дар даҳсолагӣ) ҷойгаҳашонро аз ҳамдигар ҷудо кунед».   Ривояти Абудовуд (495). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу Абидовуд" саҳеҳ донистааст.

Дар бобати рӯза омадааст:

Аз Рубаййиъ бинти Муаввиз ибни Афро (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шахсонеро дар рӯзи Ошуро ба деҳаҳои Ансориён, ки дар атрофи Мадина қарор доранд, мефиристод ва онон мегуфтанд: «Ҳар касе, ки рӯза дошта бошад, рӯзаашро идома бидиҳад ва ҳар касе, ки имрӯз рӯза надошта бошад, боқимондаи рӯзро рӯза бигирад». (Рубаййиъ бинти Муаввиз гуфт:) Пас мо дар он рӯз рӯза медоштем ва кӯдакони хурдсоламонро низ рӯза медоронидем, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад). Ва ба масҷид мерафтем ва барои онҳо аз пашм бозичае месохтем. Агар яке аз онҳо барои хӯрок гиря кунад, бозичаро ба ӯ дода, то ҳангоми ифтор ӯро машғул месохтем.   Ривояти Бухорӣ (1960) ва Муслим (1136).

Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ба масте дар моҳи Рамазон хитоб карда гуфтааст: "Вой бар ҳоли ту! Кӯдаконамон рӯзадор ҳастанд". Ин суханро гуфту ӯро зад.   Бухорӣ ин ривоятро ба таври муаллақ дар боби рӯзаи кӯдакон ривоят кардааст.

Умре, ки падару модар бояд ба фарзандонашон рӯзаро таълим бидиҳанд, ин умрест, ки фарзанд барои рӯзадорӣ тоқат карда тавонад. Синну соли рӯзагирӣ барои кӯдакон вобаста ба инкишоф ва қувваашон, аз ҳамдигар фарқ дорад. Баъзе аз донишмандон даҳсолагиро ба рӯзадорӣ синни муносиб донистаанд.

Лутфан тафсилоти ин масъаларо дар ҷавоби саволи рақами (65558) бубинед. Дар он ҷо фоидаҳои муҳиме зикр шудааст.

Саввум:

Аммо василаҳои одат кунонидани кӯдакон бар рӯзадорӣ, умури зерин мебошад:

  1. Дар бобати фазилатҳои рӯза сӯҳбат кардан аст, ки рӯза яке аз сабабҳои асосии даромадан ба биҳишт аст ва дар биҳишт даре бо номи Райён вуҷуд дорад, ки аз он дар танҳо рӯзадорон ворид мешаванд.
  2. Пешакӣ ба рӯзадорӣ одат кунонидан, ба монанди якчанд рӯз рӯза гирифтан дар моҳи Шаъбон, то рӯзаи Рамазон ногаҳонӣ ва душворӣ накунад.
  3. Рӯзаи як қисми рӯз. Бо тадриҷ метавон соатҳои рӯзадориро зиёд кард.
  4. Саҳархӯрӣ кардан дар охирин лаҳзаҳои шаб, ин амал бар рӯзадорӣ кӯмак мекунад.
  5. Ҳавасманд кардани кӯдакон ба рӯзадорӣ бо додани тӯҳфаҳо ҳар рӯз ё ҳар ҳафта.
  6. Мадҳу ситоиш кардани онон ҳангоми ифтор ё саҳарӣ ва ин чиз рӯҳияи ононро баланд мекунад.
  7. Волидайне, ки беш аз якто фарзанд доранд, метавонанд рӯҳияи мусобиқа карданро дар онҳо бедор созанд, аммо набояд шахси мағлубро маломат кунанд.
  8. Кӯдаконеро, ки эҳсоси гуруснагӣ мекунанд, бо хоб кардан ё ки бо бозиҳои иҷозатшуда машғул сохтан, чуноне ки саҳобагони гиромӣ бо фарзандонашон ҳамин тавр муносибат доштанд. Барномаҳои муносиби кӯдакона вуҷуд доранд ва инчунин филмҳои тасвирие дар шабакаҳои мӯътамди исломӣ пахш мешаванд, ки бо ин чизҳо метавон кӯдаконро машғул сохт.
  9. Чи хуш аст, ки падар писарашро – хусусан пас аз аср - ба масҷид барад, то намоз бихонад, дар ҳалқаҳои дарсӣ иштирок кунад ва ба хотири қироати Қуръон ва зикри Аллоҳ таъоло дар масҷид бимонад.
  10. Ҳамроҳи кӯдак чӣ рӯз ва чӣ шаб ба зиёрати хонадоне, ки фарзандонашон рӯза мегиранд, биравад, ки ин чиз онҳоро ба рӯзадории бардавом ташвиқ менамояд.
  11. Тақдим намудани мукофот ба онон, масалан баъди ифтор ба сайру гашт барвардан ё омода кардани таому ширинӣ ва меваҳову афшураҳои дилхоҳу дӯстдоштаашон.

Як нуктаи муҳимро набояд фаромӯш кард, ки агар фарзанд аз ҳад зиёд хаста шавад, набояд исрор кард, ки ӯ рӯзаро ба итмом бирасонад, то дар дилаш бадбинӣ нисбати ибодат пайдо нашавад ва ё ба дурӯғгӯӣ маҷбур нашавад ва ё ба беморӣ гирифтор нашавад, дар ҳоле ки ӯ ҷумлаи мукаллафшудагон нест. Бояд ба ин ҷониб аҳамият дод ва сахтгирӣ кардан дар амри рӯза дуруст нест.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб